Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Дар очерк табаддулоти бузурги зиндагии деҳқонони ин колхоз дар замони роҳбарии Раҳим Аслиддинов бо он ҳам нишон дода мешавад, ки шахсиятҳои бузурги арсаи ҷаҳон, мисли Жескар д Стен, Густав Гусак, В.Эскудеро, А.Н.Капитонов, Ш.Рашидов, Д.Қунаев меҳмонашон шудаанд. Роҳбарони Тоҷикистон Ҷ.Расулов, Р.Набиев, эҷодкори номии мо Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Гулназар ва бисёр адибони дигар ба ин диёри кӯҳсор омадаанд.
Дар очерк як орзуи наҷиби ин бунёдкору ободгарро, ки татбиқ нашудааст, нависанда чунин меорад. «Ҳоло то деҳаи Марғеб ҳашт километр ва аз он ҷо то деҳаи Ҳишортоби водии Яғноб нӯҳ километр ва боз сохтмони як қисмати ин роҳи мошингард ба анҷом расидааст. Раиси ояндабин ният дошт, ки шоҳроҳи Яғнобро то охир бисозад, ки он ба дараи Ромит мебарояд, аз он ба тарафи рост шоҳроҳи Душанбе, ба тарафи чап ба ҷониби Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Исфара роҳ кушода мегардад» (1.119) Ин нақша ва ин андеша он ҳақиқати зиндагиро нишон медиҳад, ки раис Раҳим Аслиддинов бо меҳнати ҳалолаш натанҳо деҳаю мардуми худро обод кард, балки барои пешрафти тамоми мамлакат низ саҳмгузорӣ кардан мехост. Чунин аст маҳсули меҳнати ҳалол, ки адиб дар ин очерк сурудааст. Очерки хеле зебо, хонданӣ ва ҳатто дидании дигар «Родмарди ҷонфидо» дар бораи раиси дигар, Қаҳрамони Меҳнат Миралӣ Маҳмадалиев буда, кордонӣ, ташкилотчигӣ ва ободгарии онҳо ба ҳам хеле шабоҳат доранд. Аммо ин очерки дувум замони тӯлонитарро, аз замони колхозсозӣ — солҳои сиюми асри ХХ сар карда, ба баъдро дар бар мегирад. Бинобар он дар он аввалин трактор, аввалин зани пахтакор, аввалин хонаи ободи деҳқон ва сарҳисоби маданияти мардум чун зуҳуроти равшани замони нав таборӯз мекунанд.
Очерки «Ҳикмати ҷомаи саркор» аз тасвироти воқеаҳое шурӯъ мешавад, ки дар Қубодиён «он солҳо об ба хуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё