Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

одам баробар буд». Яъне замоне буд, ки даштҳо ташналаб ва ҳанӯз шабакаи обёрӣ, ки имрӯз тамоми водии Вахш ба он устувор аст, вуҷуд надошт. Ана дар ҳамин айём, аввалин замони соҳибзамин шудани деҳқонони тоҷик Тағоймурод ҳамроҳи зану чаҳор фарзанди солиҳ — Бобокул, Нормурод, Сангинмуроду Турсунмурод дар мавзеи Сорбонқалъа ба ободонии замини пуршебу фароз ва найзор ҳиммат намуданд. Нависанда махсус таъкид менамояд, ки «фарзанди хурдсоли хонадон ба бародарону волидони худ дастёрӣ мекард» (1. 171). Ин таъкид бесабаб нест, зеро очерк маҳз дар бораи ҳамин бародар аст, ки баъдтар чун Хуррам-полвон ном баровардааст ва ҳанӯз аз наврасӣ дар Арабхонаи Қубодиён ҳамчун пахтакори номдор шӯҳрат ёфтааст. Вай аз падараш шунида ва бовар кардааст, «ризқу рӯзии мо дар ҳамин хокдон аст». Натиҷаи меҳнати аҳлонаи падару фарзандон буд, ки на танҳо замин кушодаву ниҳол сабзонда боғ оростанд, балки похсадевор бошад ҳам, барои ҳар кадом хона сохтанд ва ба фарзандони калонӣ арӯс ҳам оварданд. Нависанда одату анъанаву одоби қубодиёниҳоро хуб медонад ва як хислатро дар чанд калима ифода менамояд: «Худовандо, бачаҳои маро аз чашми бад дур нигаҳ дор, — пичиррос мезад модар ва барои ҳар як фарзанд кӯрпа медӯхт». Падар ҳам суханони аз ниёгон омӯхтаашро барои фарзандон панд мекард: «Насибаи аҳли оилаи худро аз замин ёбед». Ва фарзандон низ, ҳар касбу коре дошта бошанд ҳам, аз боғбонию деҳқонӣ дур намерафтанд. Сарнавишт чунин шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт ва ҳар чаҳор фарзанди калонӣ ва худи падарро низ дар коми бераҳми худ фурӯ бурд. Бори рӯзгор — нигоҳубини модару ду хоҳару ду янга ба дӯши ӯ монд ва ҳамин панҷ нафар звенои пахтакорӣ сохтанд ва ба меҳнат дил бохтанд.

Нависанда Бахтиёр Муртазо дар очерк лаҳзаҳо ва рақамҳое меоварад, ки аз қаҳрамониву корнамоии меҳнатии мардуми тоҷик дар солҳои чилуму панҷоҳум, дар рӯз-

пешина
аз 263
навбатӣ