Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Фиқонаш Шералию Ҷобирбек маслиҳат карда шабона ба унвони Вазорати нақлиёт ва сохмону истифодаи роҳҳои ҷумҳурӣ нома навишта, дар он камбудиву норасоиҳоеро, ки ба пешрафти кор дар сохмони нақби Анзоб халал мерасонданд, зикр ва ҳалли онҳоро хоҳиш менамояд. Баъди муҳокимаи нома бо пешниҳди Ҷобирбек камбудиҳои ошхонаи коргарӣ, пастсифат будани хӯрокҳои барои сохмончиён омодашуда, норасоии клубу муассисаҳои фарҳангӣ низ ба нома илова карда мешаванд. Баъдан Мафтун номаро покнавис карда, дар вақти рухсатии чоррӯза онро ба вазорат меорад. Дар шуъбаи сохтмон ва истифодаи роҳҳои вазорат ба номаи ӯ шинос гардида, онро ба қабулгоҳи муовини вазир месупоранд. Муовини вазири нақлиёт ва сохмону истифодаи роҳҳо пас аз як соат Мафтунро ба ҳузур пазируфта, ба ӯ барои навиштани чунин нома изҳори ташаккур менамояд ва таъкид медорад, ки таъмини маъшинаву олоти нақбкании аз Маскав мебошад. Инро вазорат ба идораҳои болоӣ хабар медиҳад. Ҳамчунин ваъда медиҳад, ки камбудиву норасоиҳои ба ҷумҳурӣ дахлдорро вазорат ҳал хоҳад кард. Баъдан ӯ ба Мафтун пешниҳод мекунад, ки агар хоҳиш дошта бошад, ҳуҷҷатҳояшро барои дохил шудан ба шуъбаи ғоибонаи Институти кӯҳшиносии Тула омода намояд ва пас аз хатми курси якуми ин донишкада ӯро дар вазорат ба кор мегиранд [ниг.: 7, с. 137-151].

Баъдан Мафтун аз вазорат баромада падарарӯсу модарарӯсашро хабар мегирад ва бо мошини муовини вазир ба зодгоҳаш – ба назди ҳамсару писарчааш меравад. Баъди фарзанддор шудан ӯ ҳамсару фарзандашро ба деҳа оварда буд ва ҳарчанд Фарогат дар мактаби деҳа аз фанни алифбои ниёгон дарс медод, худро ҳеҷ ба шароити деҳа мутобиқ карда наметавонист. Ҳангоми суҳбат бо падарарӯсаш Мафтун огоҳ мегардад, ки навиштани мактуб ба унвони вазорат бефоида аст, зеро ба бунёди нақб бисёр мансабдорони сатҳи болои ҷумҳурӣ ҳавасманд нестанд ва сабаби

пешина
аз 263
навбатӣ