Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
факту далелҳои зиёд мебошад, яъне тасвирҳои образнок ва тахайюлоти муаллиф дар зери таъсири факту далелҳои воқеӣ ба назари хонанда ҷилои реалӣ мегиранд. Ба таъбири муҳаққиқ М. Муродӣ «бо ҳама... тавсиргароиҳои эҷодӣ аз оғоз то анҷоми асар бӯйи воқеият ба машом мерасад» [5, с. 50].
Дар симои Мафтун нависанда ҷавони ҷасуру далер, шуҷоатманду боғайрат ва фидокору меҳнатдӯсти деҳотиро тасвир намудааст. Ӯ дар оилаи коргари одӣ Азимсаркор ба дунё омадааст. Падараш дар солҳои бистуму сиюм ва чилуму панҷоҳуми асри гузашта дар роҳи автомобилгарди ағбаи Анзоб саркор буда, барои ободониву пешрафти диёр заҳмат мекашид ва, пеш аз ҳама, роҳ сохтан ва обод нигоҳ доштани роҳу пулҳоро зарур меҳисобид. Мувофиқи ҳикмати халқ ӯ сохтмони роҳу пулҳоро «босавобтарин кор» дониста, инро ба фарзандони худ талқин менамуд. Аз ин ҷост, ки фарзанди ӯ – Мафтун кӯшиш ба харҷ медод, то васияти падарро ба ҷо орад ва бо ин ё он тарзу усул дар ободонии роҳи ағбаи Анзоб ҳисса гузорад. Бар замми ин Азимсаркор аз боиси ба пешаи сайёдӣ машғул будан, тамоми роҳу пайраҳаҳои кӯҳиро хуб медонист ва дар бунёди роҳу пулҳо маслиҳатгари беминнати муҳандисону мутахассисон буд. Мафтун дар оилаи чунин марди заҳматпеша ба дунё омада, дар чунин хонавода тарбия гирифтааст. Падари ӯ ҳарчанд коргари одӣ – роҳбон ҳисоб меёфт, вале дар деҳа оилаи намунавӣ дошт ва фарзандони худро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан тарбия намуда буд.
Мафтун зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Зидеҳи ноҳияи Варзоб мебошад. Аз ин мавзеъ интихоб шудани қаҳрамони асосии асар бесабаб нест. Аввалан, ҷамоати Зидеҳ дар сари роҳи Душанбе – Истаравшан, дар доманаи ағбаи Анзоб қарор дорад. Сониян, то бунёди нақби Истиқлол аз боиси боридани барфи зиёд дар баъзе солҳо роҳи ин мавзеъ бо пойтахти ҷумҳурӣ баъзан муддати тӯлонӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё