Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Асосии романи «Нақби Истиқлол»-ро дорои «моҳияти публитсистӣ» меҳисобад [ниг.:5, с.52].
Илова бар ин дар симои қаҳрамони асосӣ нависанда мутахассиси дурандешу пухтакорро тасвир намудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки роҳбарияти нақби Анзоб барои пешрафти кор пешниҳодоти ӯро ба инобат мегирад. Маҳз бо пешниҳоди Мафтун Шералӣ сардори бригадаи нақбканон ва Ҷобирбек сардори бригадаи беторезон таъйин мегарданд. Ҳангоме ки зарурати ташкили бригадаи иловагии насосҳои обкашӣ ба миён меояд, Мафтун ба сардории ин бригада Ҷобирбекро пешниҳод менамояд ва ҷараёни кор нишон медиҳад, ки Мафтун дар ин интихоб хато накардааст, зеро ин бригада дар бартараф кардани садамаҳое, ки ҳангоми нақбкандӣ аз боиси фаввора задани об ба амал меомаданд, фаъолияти хуб нишон медиҳад. Ҳатто баъд аз он ки сохтмони нақби Анзоб ба зиммаи ширкати «Собир-Байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон гузошта мешавад, муҳандисону мутахассисони эронӣ ба таҷрибаи Мафтун такя мекунанд. Махсусан мудири лоиҳа муҳандис Алӣ Мӯсавӣ Рахимӣ дар сӯҳбати нахустин аз муҳандиси пуртаҷриба ва мутахассиси хуби соҳаи нақбкандӣ будани Мафтун воқиф гардида, бо сарварии ӯ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик бригадаи алоҳидаи нақбкандӣ ташкил менамояд. Аз ҷумла ҷосорату ғайрати ӯ ба мутахассисони эронӣ ниҳоят писанд аст. Дар амалиёти аз шимол ба ҷануби нақб интиқол додани мошини нақбкани истеҳсоли Финландия — «Ҷомбу» Мафтуну дӯсташ Шералӣ корнамоии хуб нишон дода, сазовори таҳсину офарин мегарданд ва эътимоду боварии мутахассисони эронӣ ба эшон дучанд афзун мешавад, ки ин баёнгари гуфтаи боло мебошад.
Мафтун дар оила пеш аз ҳама фарзанди хуби тарбиятдида аст. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модараш ҳамеша онҳоро ҳурмату эҳтиром менамуду ба қадрашон мерасид. Гуфтаҳоишонро ба ҷо меовард. Пас аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё