Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Мафтуни фиребо ва асири бӯсаҳои гарми Фароғат гардида, бо хеши дури модараш - Зуҳал, ки волидонаш мувофиқи таомули аҷдодӣ ӯро ба Мафтун гаҳворабахш намуда буданд, оила барпо наменамояд. Гузашти вақт собит месозад, ки Мафтун дар интихоби ҳамсар хато кардааст, зеро баъд аз он ки Фароғат Мафтунро ба доми худ кашида наметавонад, фарзандаш Мамнунро гирифта ба хонаи падараш бармегардад. Ин ҳодиса ба рӯҳу ҷони Мафтун бетаъсир намемонад. Бо ин ҳама дар вақти маҷрӯҳӣ Зуҳал Мафтунро танҳо намегузорад. Фарзанди ягонааш Мамнун низ сарфи назар аз монеаҳои модар касби падарро интихоб намуда, ба назди ӯ бармегардад.
Образҳои Шералӣ ва Ҷобирбек
Муҳаққиқи соҳаи публитсистика М. Муродӣ дуруст қайд менамояд, ки «симои Мафтунро образҳои Шералӣ ва Ҷобирбек пурра мекунанд» [ниг.: 5, с. 51]. Шералӣ аз шаҳраки Себистони ноҳияи Данғара ва Ҷобирбек аз деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ мебошад, ки ин як андоза рамзӣ аст. Нависанда шояд ба хотири тарғиби дӯстиву рафоқат мардуми минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, ки барои ба ҳам наздик шудани онҳо монеаҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла набудани роҳ халал мерасонд, қаҳрамонони асари худро аз мавзеъҳои мухталифи ҷумҳурӣ интихоб карда бошад. Шералӣ ва Ҷобирбек дар кӯҳистон ба воя расида, аз ҳар ҷиҳат обутоб ёфтаанд, булҳавасу беирода нестанд. Аз ҳаёт сабақ андӯхта, таҷрибаи худро бою ғанӣ мегардонанд, дар иҷрои ҳар кор азму иродаи матин доранд. Чунин азму ирода боис гардида, ки эшон касби душвори нақбканиро интихоб намуда, дар ин касб муваффақ шаванд.
Маҳз шиносоӣ бо Мафтун дар ҳаёти Шераливу Ҷобирбек гардиши куллӣ ба амал меорад. Хулқу атвори эшон ба ҳам мувофиқ меояд. Ҳаёти ҳар се нафар аз айёми до-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё