Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Чашмаро бо навозиш ва муҳаббату самимияти пок «Чашмаҷон» мегӯянд ва ба ин номи муборак қасам ёд мекунанд. Мисли ин ки ба Худои бузургвор, ба нони муқаддас савганд мехӯранд, «Чашмаҷон» занад гӯён вақти зарурат ба номи ин макони мубораку муқаддас низ савганд ёд мекунанд». (1.53) Дар ин порча, ки бо ифтихори ватандориву миллӣ оғоз мешавад, як исми хосро бо се ҳарфи калон навиштан, «чашмаҷон занад» ва «макони мубораку муқаддас» гуфтан, тамоман эътиқоди дигар аст. Решаи ин эътиқодро дар вожаву ибораҳои «қавми муборак», «ҳадиси шариф», «мустаҳкам намудани дини мубини ислом», «халифаи бузургвор», «оилаи солеҳ»(1.58-59) низ метавон дид.

Тавре зикр кардем, нависанда дар шиносонидани Чилучорчашма ва таърихи он аз ривоятҳову таҳқиқи олимон, аз дидаву шунидаи мардум васеъ истифода менамояд. Масалан, яке аз ривоятҳо он аст, ки «Шахси давлатманди маҳаллӣ бо иҷозати шайхон ба маблағи худ дар Чилучорчашма масҷиде сохтанӣ мешавад. Тибқи ривоят ин мард ба кишварҳои дур сафар намуда, ҳафт ҳазор сар гӯсфанд мехарад ва ба шиками ҳар гӯсфанд ду дона хишти пухтаи чоркунҷа баста, ба ҳамин васила ба ватанаш чордаҳ ҳазор дона хишт меорад» (1.59) Ё ривояти дигар аз нақли калонсолон истифода карда зуҳуротеро зикр менамояд, ки «Солҳои пешин одамон дар Чилучорчашма ду мори калонро ҳам дида будаанд, ки дар вақти муайян аз ғор берун мешаваанд... Аҷибаш он аст, ки морҳо ҳар сол рӯзи 28 апрел аз ғор мебаромадаанд. Гӯё он рӯзи ҷуфтшавии онҳо будааст. Агар ин морҳо мабодо дигар вақт аз ғорҳои худ берун бароянд, дар деҳоти гирду атроф ҳатман ягон воқеаи нохуше рух медидааст. Масалан, бемории вабо меомадааст, ё заминларза ва ё ягон тундбоде ба амал омада, дар фарҷоми ҳар яке аз ин ҳодисаҳои нохуш талафоти ҷонию хисороти молӣ рӯй медодаанд.»(1.54-55).

Мисолҳое, ки адиб Бахтиёр Муртазо барои собити воқе-

пешина
аз 263
навбатӣ