Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ривоят меорад, гуногунанд ва якеи онҳо таваҷҷуҳи илмро мехоҳад: «Охирин бор соли 1933 ин морҳо аз хонаи худ берун баромадаанд, вале дар рӯзи муқаррарӣ не, балки дар вақти дигар берун шуда, гӯё сокинони ин маҳалро аз воқеаи нохуш огоҳ кардаанд. Ва дар ҳақиқат... дар як шаб 113 нафар мардон бо моддаи 58, қисми 111, яъне ҳамчун душмани халқ ба ҳабс гирифта мешаванд ва дигар дарае, ки онҳоро ҳеҷ касе намеёбад.

Баъди ин воқеаи шум морҳо дигар аз горҳои худ берун набаромадаанд ва ягон шайхи мазори Чилуҷорчашма нишонаи онҳоро надидааст». (1.55)

Очерки «Чашмаҷон» ба таҳқиқоти илмии олимони шарқу ғарб такя мекунад, аз ҷумла нависанда аз муаллифони асримиёнагии тоҷик Абулқосими Балхӣ, араб Ибни Ҳавкал, Европа Марко Полоро ёд мекунад. Хулосаи ҷолиби илмиеро ҳам меорад, ки муҳаққиқ З.В.Белская «ҳанӯз дар солҳои пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба воситаи ранг алоқаю пайвандии гидравликии дарёи Кофарниҳон ва Чилучорчашмаро муайян намудааст» (1.56)

Дарвоқеъ «Чашмаҷон» очерки зебои хонданист ва вай зиёдтар арзиши кишваршиносӣ ва тарбияи эҳсоси қадрдонӣ дорад.

Очерки «Ошёни офтоб»-и Бахтиёр Муртазо ҳам дар сабки латифи хондание эҷод шуда, бо воқеаҳо, қиссаҳо, ривоятҳои одамону бунёдгарони дигари тоҷик, ки дар Язгулом ба сар мебаранд, навишта шудааст. Нависанда ба ҳар чизе, ки мегӯяд, хоҳ ривоят бошад, хоҳ ҳақиқат, бо меҳру муҳаббати хос нигоҳ мекунад ва ба ин васила хонадаашро низ барои шунидани ин қиссаҳо роҳбалад аст. Гарчи ин очерк хислати портретӣ не, бештар равияи тасвирӣ ва проблемавӣ дорад, дар он Мирзошарифбобо — нақлкунандаи воқеаҳо, чун персонажи марказӣ таборӯз мекунад. Оғози очерк аз қиссаи санги ниҳоят бузургест, ки гаҳворасанг аст ва бо ҳама ҳашамат меҷунбад. Барои ҳамин низ чун дар

пешина
аз 263
навбатӣ