Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

АШЪОРИ УСТОДОН ВА ДӮСТОН

Барои Бахтиёри азиз
Муртазой ба толеъи фирӯз,
Ходими рӯзнома аст имрӯз.
Мисли ӯ ман надидаам некӯ,
Ҷӯраи ҷонаҷонии дилсӯз.
Устод БОЗОР СОБИР, Наврӯзи 1983
(Дар муқоваи китоби «Офтобниҳол»)

БА БАХТИЁР МУРТАЗО

Як лаҳза чеҳраат зи муқобил намеравад, Аз дида гарчи меравад аз дил намеравад.
Устод Бозор Собир (Устод Бозор Собир китоби худ «Лолаи сиёҳ»-ро бо чунин байт тақдими банда намуданд).


Ҳар чӣ моро аз адаб буд муқтазо,
Ёфтем аз Бахтиёри Муртазо.
Аскар Ҳаким,
Шоири халқии Тоҷикистон

ШОДБОШӢ

ба шодмонии ҷашни шастсолагии адиби маҳбуб,
устод Бахтиёр Муртазо

Дӯст, эй дӯст, ёри ҷонии мо,
Эй сухангӯи достонии мо.

Дар навишти ту сарнавишти халқ,
Ғаму шодии зиндагонии мо.

пешина
аз 263
навбатӣ