Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
дигар ҷойҳои Тоҷикистон ба ин санг ҳам баҳонаву ном ёфта мондаанд. Онро «гаҳворасанг» мегӯянд «гӯё ҳангоми тохт овардани қавми мухолиф мардуми ин мавзеъ тоб наоварда, ҷониби кӯҳ мегурезанд. Аммо модаре гаҳвораи кӯдаки худро бурда наметавонаду пеши Худованд илтимос мекунад, ки онро ба санг бадал созад, то душманон нагиранд.(1.194). Дар нақли Мирзошарифбобо масъалаҳои этникию этимологӣ, масъалаҳои муҳоҷирати мардуми кӯҳистон ба водӣ ҳам ҳасту муаммоҳои тамокупарварӣ низ. Яъне нависанда дарди дирӯзу имрӯзи сокинони кӯҳистонро ба миён мегузорад. Масалан, дар баҳси он ки мардум ба водӣ кӯчанд ё дар ҳамин шароити душвори кӯҳистон ба будаш шукр карда зиндагӣ кунанд, нависанда тарафдорому муқобилони ин масъалаи ҳаётан муҳимро ба баҳс оварда, аз ҷумла саҳнае месозад, ки дар он солҳо дар ҳар куҷо шабеҳи онро дидан мумкин буд:
Писар, собиқадори меҳнат, яке аз сарварони хоҷагӣ мехоҳад, ки ба водӣ кӯчанд, аммо ба ин падар зид аст.
«- Ман рӯзе гулеро ба сари санге шинонида будам, гул ниҳол нагирифт, об шуд, пажмурда гашт, - Адолат-бобо хомӯшии вазнинро вайрон кард.
Мирзошарифбобо ин эътирози вайро фаҳмид ва гуфт:
-
Агар ин тавр бошад, колхозро аз қарз барор, деҳаро ободтар бикун. Ту дар хонаат чор гови чӯшӣ дорӣ, шахси дигар се гов дорад, каси сеюм ду гов. Дар фермаи колхоз бошад, ҳамагӣ даҳ гови чӯшӣ ҳаст. Магар бо ин колхоз давлатманд мешавад, ҳамин тавр не, Зиёратшоҳ? - ба сарагроном нигарист Мирзошарифбобо.
-
Бале, - тасдиқ кард Зиёратшоҳ ва илова намуд: порсол колхоз ҳамагӣ 41 ҳазор сӯм даромад гирифт, вале хароҷотамон хеле зиёд — 65 ҳазор сӯм аст, мо аз давлат қарздорем.»(1.200)
Муаммои дигари ҳаёти деҳот масъалаи парвариши тамокуро адиб чунин дида ва баён кардааст. Дар Язгулом ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё