Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Адабиёти ҷаҳон ва дигаре хайрхоҳӣ ва боз ҳам дарёдилии ӯ нисбат ба шахсият ва осори ҳампешагони муваффақи худ. Дар ин китоб як силсилаи бузурги чеҳраҳои (портретҳои) зиндаи адабӣ ва ҳунарӣ офарида шудааст, ки манзарае бо уфуқҳои ба паҳнои абадият аз адабиёти ҷаҳонро дар пеши дидаи мо боз менамояд. Бад-ин васила ӯ хонандаро натанҳо бо адибони ҳамзамону ҳамзамин ва ҳамнишону ҳамнишини худ, балки бо адибони бузургу муваффақ аз сартосари кураи хок, ки дар замонҳои гуногун ба сар бурдаанд, ошно мекунад. Тавре ошно мекунад, ки дигар онҳо дар ёду хотири мо бо ҳамин чеҳра ва маънавияти инсониву лаёқатҳои ҳунарӣ барои ҳамеша муҷассам мешаванд. Пушкин, Лев Толстой, Гогол, Блок, Лермонтов, Чехов, Горкий, Фет, Бунин, Алексей Толстой, Пришвин, Грин, Андерсен, Балзак, Ҷек Лондон, Диккенс, Мопассан, Марк Твен, Гюго... ин аст муҳтасаре аз ҳалқаҳои зарини ин силсила.

Он гуна ки ёд шуд, муаррифии Константин Паустовский аз ин чеҳраҳои дурахшон ва вижагиҳои ҳунарии осори онҳо бо огоҳии комил, таҳлили амалии то ҳадди равоншиносии эҷодӣ, бо муҳаббату дилбастагӣ ва ҳамчунин ҳадафмандона сурат мегирад. Ҳадафи аслӣ ин аст, ки нишон бидиҳад, ҷавҳари адабиёт хизмат ба инсон ва инсоният аст. Вазифаи адабиёт ин аст, ки ба инсонҳо умед ва имон илқо намояд, нависанда касест, ки ҳастии худро бидуни ҳеҷ гарази камарзише вақфи ин ормон кардааст ва ин ҳама дар сурате муяссар мегардад, ки осори бадеъ аз неруи ҳаллоқа бархурдор ва бо ҳунари бадеъ ороста бошад. Дар ин манзараи муҳташам ва васеъ, бидуни он ки таъкиди хоссе аз сӯйи нигоранда бишавад, эҳсос менамоем, ки адабиёти асил ва пешрафтаи башар аз ваҳдати ормонӣ (идеявӣ ва идеалӣ) ҳам бархурдор аст. Нависандагони бузург осори худро давоми якдигар медонанд ва вазифаи муштараки худро дар баробари башарият яксон шинохтаанд.

Китоби «Садбарги зарин» ба ҳамон андоза, ки аҳамияти адабӣ ва завқӣ дошта бошад, дорои аҳамияти адабӣ-

пешина
аз 263
навбатӣ