Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ётшиносӣ ҳам ҳаст.
Имрӯзҳо, ки дар хусуси «адабиётшиносии илмӣ» ва «адабиётшиносии завқӣ» баҳсҳое гардон аст, бо миҳак қарор додани ин китоб дармеёбем, ки асари «адабиётшиносии завқӣ» ба шеваи нигариши адабӣ агар аз тарафи адиби соҳибтаҷриба, соҳибистеъдод ва дорои завқу ҳадафи волои эҷодӣ нигариш ёбад, на камтар аз ҳар навъ асари сирф илмию назарии адабиётшиносӣ дорои арзиши воқеӣ ва амалии адабиётшиносӣ мебошад. Ин навъ осорро на бо тавсифи «завқӣ», балки «таҷрибӣ» бояд мушаххас кард. Ба қавли маъруф:
Қимати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,
Зарби дасти Кӯҳканро теша медонад, ки чист.
Дар адабиёти пурмояи классикии мо низ муҳимтарин осори адабиётшиносӣ ба адибони номвар тааллуқ дорад.
Чошнии табъу завқ дар чунин осор, ки боиси истиқболи хонандагони бештар аз онҳо мегардад, бояд як шарти муваффақияти ин навъ осор шинохта шавад, на чунонки баъзан кӯшиш мешавад, то айни ҳамин нуктаи дар асл қувват нуктаи заъфи онҳо муаррифӣ карда шавад. Он гуна ки дар осори бадеъ гоҳо як тамсили муҷазу пурмаъно кори як китоб шарҳи бевоситаро анҷом медиҳад, аз диди суханшиносӣ ва адабиётшиносӣ ҳам ин кор муяссар аст. Масалан, ин байти Ҳоқонии Шарвонӣ дар шарҳи вижагӣ ва арзиши сувари хаёл:
Суварнигори ҳадисам, вале дар он сурат,
Ки нақши ҷон натавонам ниҳод, нангорам.
«Садбарги зарин» дар корҳои илмии адабиётшиносӣ чун як марҷаъи муътабар мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз ҷумла банда низ дар ҷараёни таълифи рисолаи номзадии худ дар хусуси вазн ва мусиқии шеър аз нашри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё