Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Боре ба Бахтиёр гуфтам:
- Офарини Шумо. Ин қадар номи рангу бӯ, ин қадар унвони гиёҳу буттаҳоро аз куҷо ба тоҷикӣ ёфтед?
Хандиду гуфт:
- Ёфтем, дар кӯҳу пуштаҳои худамон ҳам будаанд. Албатта, ҳастанд! Аммо маҳорат, дониш, муҳаббат, садоқат ва ирода лозим аст, ки онҳоро дарёбем.
Боре ҳамроҳи Бахтиёр ба Ёвон рафтам: ӯ - рӯзноманигори номӣ ва ман – навкор. Он вақт водии Ёвон ба саҳнаи воқеии диловарию шуҷоат табдил ёфта буд. Шабакаи обрасонии Ёвон-Обикиик, ки сохтмони зарбдори умумиҷумҳуриявӣ эълон шуда буд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошт. Суратгири номии мо Сафарбек Фозилов лаҳзаҳои ҷолиби сохтмонро аксбардорӣ мекард. Вай ҳар лаҳза мегуфт: «Гуфтаи Сергей Баҳодуровичро фаромӯш накунед!»
Сергей Баҳодурович – Сироҷ Музаффаров – ёвари котиби масъули рӯзнома, пири мо, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ пеш аз сафар ба мо дуо дода гуфта буд:
«Дар шумора барои мақолаи шумо ҷо мемонам. Материали нағз гирифта биёред».
Марди аҷибе буд Сироҷака! Ҳар саҳар кабинет ба кабинет мегашту мегуфт: «Миён маҳкам-мӣ?!» Яъне, саломат ҳастед? Қобили кор ҳастед?
Мо баъзан хастанопазирӣ ва иродаи мустаҳками ин мӯсафеди ҷангдидаро мушоҳида карда, аз хастагии худ шарм мекардем, аз нав камари хизмат мебастем.
Вақте ки 28-солагии Ғалабаи Бузургро бар фашизм ид мекардем, ман ба ӯ шеъре бахшидаму дар «Комсомоли Тоҷикистон» чоп кардам. Он шеър дар маҷмӯаи «Нардбон»-ам низ ҳаст. Чанд мисраъ аз ҳамон шеър:
Рӯйи сина мезанад ҳар рӯзи ид
Медалу орденҳои беҳисоб,
Ҷойи ёрони шаҳидаш ҳам ба меҳр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё