Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Чашм медӯзад ба рӯйи офтоб,
Дида бахту эътибори хешро,
Гарчи ӯ майли ҷавонӣ мекунад,
Бар тани афгору пайкондидааш
Бори шӯҳрат ҳам гаронӣ мекунад.
Хулоса, супориши Сироҷак дар гӯш мо бо диловарому бунёдкорони шабакаи обрасонӣ суҳбатҳо доштем. Ногоҳ касе гуфт, ки дар як деҳаи кӯҳдомани Ёвон устои сангиосиётароше ҳаст.
Ба пӯстини Бахтиёр кайк афтид. Он вақт ин рӯзноманигори ҷӯянда дар бораи касбҳои гуногун ва косибони гуногун силсилаи очеркҳо меофарид. Яке аз ҳадафҳои ҷолиби муаллиф он буд, ки касбҳои қадимиеро, ки акнун дар масири технологияи нави муосир аз байн мераванд, тарғиб кунад, номи асбобҳо ва истилоҳҳои фаромӯшшударо ҷамъ оварад. Хонандагон аллакай дар бораи оҳангар, кулол, садафбоф ва дигар касбу корҳо маводҳои шавқангези Бахтиёрро мутолиа карда буданд. Навбати сангиосиётарош расида буд.
Мо ба деҳаи Даҳана хаставу кӯфта омадем. Аз саҳари барвақт пайи кор будем, вохӯриҳо, суҳбатҳо, саволу ҷавобҳои пайваста, албатта, бетаъсир намонда буданд.
Дар атрофи ҳавлии усто Сафархон ҷо-ҷо сангҳои калону хурди осиё мехобиданд. Худи усто марди қавипайкар, чеҳракушод ва хушсуҳбат будааст.
Ҳамин ки болои кӯрпачаҳои меҳмонхона чорзону зада нишастем, ҷавонзани қоматбаланди сафедрӯе «ассалом» гуфту ба назди мо дастархон густурд.
Бахтиёр оҳиста ба зонуи ман кӯфт: яъне, дидӣ, чӣ оилаи озоде! Дар ягон деҳа чунин манзараро надидаем.
Ҳангоми ба ҳавлӣ даромаданамон ба машом бӯйи нони гарм расида буд. Акнун худи нон ҳам дар пешамон пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё