Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
- Ин гуна ҳикояҳои тайёр бисёр дорам, — гуфт ӯ бо табассум.
Дар боло аз хусуси «Садбарги зарин» сухан рафт. Ҳоло мехоҳам романи оламшумули Стендал «Сурх ва сиёҳ»-ро ба ёд орам. Боре Бахтиёр мусаввадаи тарҷумаи ин романро ба ман овард. Ростӣ, хондаму қоил шудам: забони равону шево, гирову равшан.
-
Тарҷумаи олиҷаноб, — гуфтам ба ӯ.
-
Ба ман бовар надоранд, чоп намекунанд, — гуфт бо хастахотирӣ. Ниҳоят тарҷумони номӣ Шамсӣ Собир муҳарририи тарҷумаи романро ба ӯҳда гирифт. Баъди чанд рӯз Шамсиака Бахтиёрро мебинаду табрик мекунад.
-
Ҳангоми таҳрир устод Сотим Улуғзода омаданд, — мегӯяд Шамсӣ Собир. — Ман аз хусуси тарҷума ба он кас қисса кардам. Устод гуфтанд: «Чанд саҳифаашро хон». Мувофиқи майлу хоҳиши устод чанд саҳифа хондам. Гуфтанд: «Арзандаи чоп аст!»
Ҳамин тавр романи «Сурх ва сиёҳ» дар тарҷумаи Бахтиёр Муртазо (Ирфон, с. 1982) ба табъ расид ва ба хонандагон писанд афтод.
Ба Бахтиёр гуфтам:
- «Сафинаи Байкал» ба «Сафинаи Бахтиёр» табдил ёфтааст, сафинае, ки пур аз ҷустуҷӯҳо ва бозёфтҳост. Бигзор шинояш бардавом ва бехалал бошад.
Табассум карду гуфт:
- Тоҷикистон ҷойи сафинасаворӣ нест. Бояд нақбҳо канд, чун нақби Истиқлол.
Чӣ ҳам метавонистам бигӯям: то бод, чунин бодо!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё