Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

МИСБОҲИДДИНИ НАРЗИҚУЛ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

ЭЪТИМОД БА НЕРӮ ВА НАФСИ ИНСОН
(Мулоҳизаҳо перомуни романи Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол». – Душанбе: Бухоро, 2015. – 398 саҳ.)

Эътимод ба нерӯ ва нафси худ, кордонӣ, азми дурусту саъйи неку, ки дар ҳама умур шарти муҳим ва зарурии пешравист, паёми асосие мебошад, ки дар романи мустанади Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол», дар мисоли ҷараёни таърихии сохтмони Нақби Истиқлол дар гарданаи ағбаи Анзоб, пайгирӣ мешавад. Дар ҳақиқат, маҳз эътимод ба нерӯ ва нафси хештан буд, ки ин лоиҳаи муҳими стратегӣ бомуваффақият ба охир расид. Арҷ ниҳодан ба амали нек ва кори хайр, тарбияти дурусти хонаводагӣ, обутоб ёфтани инсон дар муҳити солим, тарбияи насли нави нақбкан аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ пайгардҳо ва андешаҳое ҳастанд, ки дар тақвияти ғояи аслии асар хидмат кардаанд.

Муҳимтарин махсусияти асари мазкурро ҳамчун романи мустанад таърихияти дақиқи асар муайян мекунад. Нависанда воқеиятҳои таърихии муайянро бо зикри санаҳои дақиқи таърихӣ ва далелҳои муътамад, ки дар асоси омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва мушоҳидаи бевоситаи худи ӯ ҷамъ оварда шудаанд, ба риштаи тасвир кашидааст. Ба таърихи сохтмони нақбҳо дар кишварамон Бахтиёр Муртазо аз оғози пайдоиш таваҷҷуҳ карда, корномаи шахсияти асосии асарашро аз сохтмони Нақби обёрӣ ва обишони Данғара, ки нахустин таҷрибаи нақбканист дар кишварамон мебошад, то ба сохтмони бузургу тақдирсози даврони Истиқлол – Нақби Ис-

пешина
аз 263
навбатӣ