Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

Таҷрибаи барои чор фасли сол ва бидуни танаффӯс таъмин карда шуд.

Нақби Истиқлол бо мақсади бунёди роҳи нави мошингард сохта шудааст, ки аз ҷумлаи сохтмонҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Ин роҳ ду минтақаи бузурги кишварро, ки муддате дар тӯли сол то шаш моҳ миёни онҳо роҳи мошингард масдуд буд, ба ҳам пайваст. Мушкилоти замони баста будани роҳро нафароне хуб дарк карда метавонанд, ки бевосита шоҳиди ҳол будаанд. Аз ҷумла, роқими сутур шоҳид аст, ки ҷавонмарде сарамард бо мақсади ширкат дар ҷанозаи модар ба роҳ баромаду зери тармаи ағбаи Анзоб монд, ҷасадашро баъд аз об шудани тармаҳо пайдо карданд. Аз гардиши аввали Зидеҳ ба самти боло барф имкон надод, ки мошин ба пеш ҳаракат кунад, то ҷанозаеро наздикон ба манзил бирасонанд... Ё худ, тақдири ду бародарон: ҷавони аз хизмати аскарӣ ба хона бармегашта - Ҷӯра, «ташнаи дидори падару модар, хоҳару додар ва хешу табор» ва бародари ҳамроҳаш – Ҳаннонро, ки дар романи мавриди назар тасвир шудааст, ба ёд орем. Онҳо ба иллати хатарнок будани ҷода дар минтақаи маргбори Нови мурдаҳо ҷони ҷавони хешро аз даст доданд. Ҳоло дар ин минтақаи маҳуф бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мутахассисони чинӣ нақб сохта шудааст. Аз ин ҷиҳат, сохтмони Нақби Истиқлол на танҳо ҳамчун бунёди роҳ дорои аҳамият аст, балки марҳаме ба ҷисму ҷони садҳо муҳтоҷону аламдидагон гардид. Чунин воқеаҳо ва мушкилотро, ки дар боз набудани роҳи мазкур рӯй додааст, ҳоло ҳеҷ қаламкаше ба таври васеъ наомӯхта ва таҳқиқи бадеӣ накардааст. Агар аз ин ҷиҳат ба аҳамияти сохтмони Нақби Истиқлол назар шавад, арзиши он боз ҳам равшантар бармало мегардад.

Романи мавриди назар фарогири таърихи роҳсозӣ дар кишварамон ҳам ҳаст. Ба воситаи ин асар бо сафҳаҳои чу-

пешина
аз 263
навбатӣ