Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Истиқлол ба андеша мегирад. Таърихи сар шудани сохтмони Нақби обрасонии Данғара дар роман дақиқ сабт шудааст: «Бисту дуюми апрели соли як ҳазору нуҳсаду ҳафтод дар домани кӯҳи Вахш таркиши нахустин сангу хоки бисёреро баланд бардошта, ба ҷумҳурӣ аз оғози сохтмони бузургу муҳташами Нақби обёрии Данғара мужда расонд» (саҳ. 57).

Ба ҳамин монанд, санаҳои оғоз (моҳи феврали соли як ҳазору нуҳсаду ҳаштоду ду), сабабҳои таъхир ва аз сар шурӯъ кардан ба сохтмони Нақби Истиқлол (бистуми майи соли як ҳазору нуҳсаду наваду нуҳ) ҳам дар асар ба таври дақиқу мустанад зикр шудааст. Таърихчаи давраи дуюми сохтмон, ки ба замони Истиқлол рост меояд, дар роман зина ба зина ифода мешавад. Муаммои таъхири кори нақбро нависанда чунин муайян кардааст: а) муносибати бади миёни роҳбарони давр, ки ин риштаи нозук то Маскав ҳам танида мешуд; б) ташкили гирдиҳамоӣ ва вуруди издиҳоми бузург ба шаҳру оғози бетартибию бенизомиҳо. Ҳамин тавр, «дар ҷумҳурӣ даргириҳои бемаънӣ рӯй доданд ва рафтуомади нақбсозон ба коргоҳ мушкил гардид» ва ба ин ваҷҳ сохтмони нақби Анзоб муваққатан қатъ шуд. Баъзе нақбканон, аз ҷумла шахсияти асосии роман ва дӯстони ӯ, фаъолияти худро то замони оғози давраи дуюми сохтмони Нақби Истиқлол, дар сохтмони метрои Москва, метрои майдони Ногин идома доданд.

Воқеаҳои мазкур ба таърихи муосир мутааллиқанд. Гузашта аз ин, Бахтиёр Муртазо бо мақсади пайванди дирӯз бо имрӯз ва коргирӣ аз таҳқиқи қиёсӣ роҳи миёни Зидеҳ ва деҳаи Зимарги таърихиро аз назари таърихӣ ҳам ба андеша гирифтааст. Пас аз сипарӣ шудани солиёни зиёд, шояд асрҳо, деҳаи Зимарг боз ба шарофати боз шудани роҳ ва рафтуомади одамон «мисли даврони бозори Меҳргон серодам гардид», роҳ одамонро ба ҳам расонид, ки мақсад аз бунёди роҳҳо низ ҳамин аст. Нуктаи дигар ин, ки Шоҳроҳи абрешим аз нав эҳё шуд ва ин дафъа рафтуомад дар ин роҳи

пешина
аз 263
навбатӣ