Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба молу амволи ҷамъиятӣ бетарафӣ зоҳир намуда, манфиати шахсиашонро аз манофеи ҷамъиятӣ ва миллат боло мегузоранд, танқид мекунад. Ба ҳамин монанд дар роман чандин воқеа ва мушкилоти ҷамъиятие матраҳ гардидаанд, ки аз ҷумлаи масъалаҳои, ба истилоҳ, доғи рӯз ҳастанд.

Ба масъалаи муносибати шахсӣ ва ҷамъиятӣ нависанда аз дидгоҳи замонӣ баҳо медиҳад. Ба баъзе «калонҳо»-е дар асар ишора мешавад, ки, бинобар ба манфиати минтақавии онҳо созгор набудан, ба сохта шудани нақб чандон ҳавасманд нестанд. Дар ҳамин нукта симои Сарвари давлати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад, ки лозим бошад, «бо нохун кандани нақбро» ба мардум ваъда дода буд. Пеш аз ҳама, иродаи мустаҳками ӯ буд, ки сохтмони азим қабл аз муҳлати муайяншудаи нақшавӣ ба охир расид.

Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роман ба таври хоно ва гӯё ҷилвагар мешавад. Оғози давраи дуюми сохтмони Нақби Истиқлол бевосита ба номи ҳамин шахсият алоқаманд аст, бинобар ин, нависанда ба ҳусни ният ва ибтикороти ӯ диққати махсус додааст. Масалан, ҳусни нияти Сарвари давлат дар мавриде чунин тасвир шудааст: «Сардори давлат ба комбайни нақбканӣ нишаста, онро ба кор дароварданд, ки рамзи оғози коргоҳи дуюми сохтмон дар қисми ҷанубии нақби Анзоб ҳисоб меёфт. Бо ҳамин нақбсозони дарвозаи ҷанубӣ ҳам ба истиқболи ҳамкасбони дарвозаи шимолии худ ба нақбканӣ шурӯъ намуданд» (саҳ. 265). Дар роман ба ибтикороти Пешвои миллат хеле зиёд ишора мешавад, ки яке аз онҳо фаъол гардидани коргоҳи дарвозаи ҷанубии нақб мебошад, ки бо мақсади суръат бахшидан ба ҷараёни сохтмон амалӣ шудааст. Мавқеи коргоҳи мазкур макони таърихӣ мебошад. Ба тасвири нависанда, дарвозаи ҷанубии нақб «дар мавзеи Уштурбулоқ»-и ноҳияи Вар-

пешина
аз 263
навбатӣ