Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Кӯҳ манбаи ризқи фаровон, сарчашмаи оби равон, парваришгоҳи дорую дармон, хазинаи бепоён, паноҳгоҳи ҷовидон, шукӯҳу шавкати даврони мост!» (саҳ. 54).

Дар роман аз услуби нақл, тавзеҳу ташреҳ ва ривоят ҳам истифода шудааст. Барои қиёси симои баъзе образҳо нависанда аз услуби тасвири қиёсӣ низ суд ҷустааст.

Ҳамин тавр, романи мустанади Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол» асаре ҷолибу хонданӣ ва мондагор буда, дар мавзӯи муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон навишта шудааст. Нависанда таърихи нақбканони Тоҷикистони навинро бо шебу фарозҳояш ба гунае тасвир кардааст, ки қабл аз вай собиқа надорад, аз ин ҷиҳат, асари мавриди назар ҳамчун асари таърихӣ романи ягона дар мавзӯи мазкур мебошад.

пешина
аз 263
навбатӣ