Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Сохтмончиёни ин иншооти азими давр ҷиҳати аз байн бурдани хавфи сой мавриди таҳқиқу таҳлил ва тасвири адиб қарор гирифта бошанд, дар очерки «Бригадаи аввалини бетонрезон» муаллиф кӯшидааст, ки раванди ба сохтмони ин неругоҳи боазамат ҷалб шудани ҷавонони деҳоти маҳаллиро баррасӣ намояд. Ҳарду очерк ҷанбаи проблемавӣ доранд. Муаллиф моҳияти масъалаҳоро дуруст ва амиқ дарк намуда, роҳу василаи ҳалли онҳоро бо тасвири ҷузъиёти раванди сохтмон бо маҳорат ва ҳунармандии хосса нишон додааст.

Қаҳрамонони силсилаи очеркҳои минбаъда ашхосе мебошанд, ки зиндагии сахтро аз сар гузаронидаанд, дар меҳнат обутоб ёфтаанд, талхиҳову шириниҳои ҳаётро чашидаанд, аммо ҳеҷ гоҳ ноумед набудаанд, балки рӯҳашон шикастнопазир ва азму иродаашон қавӣ аст, ба ояндаи нек бовар доранд. Онҳо — Миралӣ Маҳмадалиев («Родмарди ҷонфидо»), Юлдош-командир («Чанорҳои ёдбуд»), Мирзошариф («Ошёни офтоб»), Иван Григорович («Сафинаи Байкал»), Лутфҳасану ҳамкоронаш («Роҳи дилҳо»), Назар Қаюмов («Фирор ва ҷасорат»), Александр Мироненко («Нури ҷовидони зузанаб»), Мутеулло Наҷмиддинов («Сухангустари дарёдил»), Раҳим Аслиддинов («Падари халқ»), Хуррам-полвон («Ҳикмати ҷомаи саркор»), Талбак Лолаев («Муҳориба бо оташ») ва даҳҳои дигар на танҳо дар фикри беҳгардонидани зиндагии худанд, балки барои хубтар кардани зиндагии дигарон талош меварзанд, ҷонфидой мекунанд, шароит ба вуҷуд меоранд, дасти мадад дароз менамоянд.

Очеркҳои Бахтиёр Муртазоро аз нигоҳи мавзӯъ ва корномаи қаҳрамонон ба се силсила метавон ҷудо намуд. Очеркҳое, ки мавзӯи онҳо ҷанг аст, ки хислати адолатхоҳона дорад; очеркҳое, ки мавзӯи асосиашон меҳнати бунёдкоронаву созанда ва васфи он мебошад ва очеркҳое, ки дар онҳо назру ниёзи мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ нақлу

пешина
аз 263
навбатӣ