Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ИБРОҲИМ УСМОН,
доктори илмҳои таърих,
профессор

РОҲИ ФАЙЗИ ДИЁР ВА ЧАРОҒИ АФРӮХТА

Умқ ва паҳнои сохтмони азим пеши назар меояд. Ин сохтмони азим Тоҷикистони азиз аст. Кишваре, ки сад сол пеш чунин ном орзуи фарзандонаш буду бас. Дар зарфи андаке камтар аз як аср дар як гӯшаи Бухорову Туркистон ба ҳазор машаққату меҳнати ҳалоли халқ давлати тоҷикон бунёду мустаҳкам гардид, ба ҷумҳурии соҳибистиқлол табдил ёфт. Ин роҳи пуршарафро аз ҷумла аз равзанаи китоби дуҷилдаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо «Хӯшаҳо аз киштаҳо» метавон дид. Ба гумони ман аз эҷодкороне, ки дар солҳои шастуму ҳафтодуми асри ХХ фаъолияти худро аз публитсистика оғоз намуданд, танҳо Бахтиёр Муртазо ба ин навъи эҷод содиқ монд. Ӯ дар идораи рӯзномаҳою маҷаллаи «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Садои мардум», «Минбари халқ» кор кард, эҷодашро ба баррасӣ гузошт, вале хислати эҷодиашро тағйир надод. Баъзеҳо аз назм ба наср, ё аз ин ҳар ду ба драматургия ва ё баръакс мегузаранд, бисёриҳо аз публитсистика ба навъи эҷоди бадеӣ рӯ меоранд, ё ба гуфти баъзе олимон «камол» меёбанд, ӯ ин тавр накард, ҳамеша ҳамчун нависандаи публитсист монд. Зеро барои вай адабиёт ва публитсистика зинаҳои эҷод не, балки соҳаҳои эҷодии тавъам ҳастанд. Яъне публитсистика соҳаи ҷанговари эҷодӣ буда, публитсист ва публитсистика ба одамони воқеӣ, персонажҳои шинохташаванда сару кор доранд.

пешина
аз 263
навбатӣ