Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар замони шӯравӣ, махсусан, аз замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар карда, вақте «адиб ба публитсист ва публитсист ба адиб табдил ёфт» (Иля Эренбург), ҳизби коммунист ва ҳукумати шӯравӣ дар назди адибон вазифа мегузоштанд, ки сиёсати давлатро ба таври фаврӣ дастгирӣ намоянд, ҳамаи адибон ба ин соҳаи эҷод таваҷҷуҳ доштанд, зеро бо худи эҷоди адибӣ - шеър ё ҳикоя имрӯзро пайгирӣ кардан ниҳоят душвор аст.

Фарқи байни адабиёт ва публитсистика ҳатто дар образнокии сухан нест. Зеро публитсисти бохунар аз романнавис камтар ба зебоӣ, равонӣ, муассирӣ ва ҳаловатбахшии калом диққат намедиҳад. Фарқи онҳо дар мақсади эҷод, василаи эҷод ва мавзӯи эҷод аст. Мақсад дар адабиёт зебоӣ ва нафосат офаридан аст, бо ин мақсад образ месозад, натиҷагирии характерҳо ва воқеаҳоро ба қалам меорад, типӣ мекунад, ному насабу амалеро бо майли дил ба миён меорад, ки ба бисёриҳо монандду ҳеҷ кадоми онҳо нест. Публитсист бошад, воқеиятро менависад, ба ифодаи Ленин «таърихи замонро менависад, то хонанда дар воқеаҳои он ҷойи худро муайян карда тавонад». Публитсистика барои имрӯз сиёсат, барои фардо таърих аст. Адабиёт барои ҳамаи давра як маъно дорад - зиндагии дар санъат ифодашуда. Бузургии устод Садриддин Айнӣ дар он буд, ки ин ҳақиқатро амиқ дарк кард ва дар замони инқилоб ба нишон нарасидани асари бадеияш - «Ҷаллодони Бухоро»-ро пай бурда, ба публитсистика рӯй овард ва дар солҳои 1919-1923 бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ қариб 150 мақола, шарҳ, тақриз навишт, ки барои фаҳми замон, барои мақсади дигаргуниҳоро дарёфтан, ба хонандагон ёрӣ мерасонд.

Ба ин маъно, публитсистикаи Бахтиёр Муртазо ҳам, ки иддае аз намунаҳои он дар ду ҷилди «Хӯшаҳо аз киштахӯ» ба табъ расидаанд, имрӯз таърихи дирӯзи пуршарафи халқи тоҷик шудаанд ва ба ҷӯяндагони ҳақиқати зиндагӣ манбаи омӯзиш хоҳанд буд. Бахтиёр Муртазо ният дорад,

пешина
аз 263
навбатӣ