Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
- Ин суханон ба умқи дил ва банду пайванди ҷисму ҷони нақбканон таъсир бахшиданд.
Бо ҳамин минвол давраи нави сохтмони нақби Анзоб оғоз гардид. Ҳар як шахсе ки барои кор дохили нақб шуда, ҳаёташро зери хатар монад, нағз медонист, ки тамоми миллат ва худи Сардори давлат муттакою пуштибони ўст, - ин лаҳзаҳоро чунин таъсирбахш тасвир намудааст адиби ҳақиқатнигор.
Бахтиёр Муртазо дар инъикоси табиати Тоҷикистон, кӯҳсору доманаҳояш ҳунарманд омада, илми нақбканӣ, олоту воситаҳои техникии дар он истифодашаванда, чоҳҳои зеризаминии обгузар, роҳҳои ҳаводихандаро бамаврид таҳлил менамояд ва дар илми нақбканӣ ҳамчун муҳандиси соҳа намоён мегардад. Аз ин рӯ, мулоҳизаҳояш дар бораи нақб гӯё аз ҷониби устоди раҳнамо бо забони фасеҳу дилрабо ифода меёбанд. Мо аз китоб дар баробари зарурати нақби Анзоб дар сиёсати нақлиёти ҷумҳурӣ, аз нозукиҳои кори нақб, аз мушкилоташ боз бештар огоҳ мешавем. Ӯ асари мазкурро ҳамроҳи нақбканони Анзоб гӯё якҷоя навишта бошад, тамоми нозукиҳои илми нақбканӣ аз тарафи нависанда пурмазмун ифода шудан мегиранд. Нақбканон бо зоғнӯлу воситаҳои техникии қудратманди 4-ПП-2, бо мошини пармагарии «Ҷомбу» ва нависанда бо қалам Нақби Истиқлол эҷод менамоянд. Аз рӯйи суханони нависанда, ба душвортарин лаҳзаҳои нақбканӣ, ки суҳбат дар дохили нақб доир мешавад, хусусан сангу хокрезаҳои шифти нақб, холиҷои туннелро куллан аз бетон пур карда, сонӣ аз нав нақб кандан, дар нақб аз кӯҳу камар афтидани сангҳои азимҷусса, обрезаҳои аз фаъолият нигоҳдошта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё