Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
баби ин қадар пурмазмун гардидани асар шудааст. Баъзан зебоиҳои ин диёрро аз забони олимону донишмандони хориҷӣ (масалан, Зуйков) дилкаш баён менамояд. Нависанда саҳафоти шимоли ҷумҳуриро бо дигар минтақаҳо пайваста, аҳамияташро дар гирудор ва кирдорҳои одамони ҷомеа рангин нишон медиҳад.
Мазмуни асарҳои Ч. Айтматов, махсусан шеърияти забони ифодааш ақлу хуши хонандагони ҷаҳонро тез мусаххар менамуданд. Бахтиёр Муртазо ҳам як миқдор асарҳои ин нависандаро тарҷума карда, аз вай ҳунари мӯҷазмандии фикру ифодаҳоро нағз омӯхтааст. Дар «Нақби Истиқлол», ки асари тозаэҷод аст, фазилатҳои зиёди ӯро дар кашфи мавзӯъ, тадқиқи образҳо, шеърияти суханаш ба мушоҳида мегирем. Бахтиёр Муртазо нависандаи забондон аст, ба лаҳни забони модарӣ, ҳусни сухани тоҷикӣ бо рағбат менигарад, аз калимаҳои зебою таъбирҳои пурмаъно истифода менамояд, санъати сухани тоҷикии форсиро хуб мефаҳмад («тавсани хаёлаш ҷавлон мезад»; «дар мӯйҳои сараш ҳам гарди осиёби зиндагонӣ бисёр нишаст»; «панҷаи шубҳа ба ҷодари хаёл мезад»; «Офтоб мисли себи сурхи калон дар пушти кӯҳ ғелид»...) Нависанда ҳам ба ҳусну андоми сухан диққат намуда, ҷо-ҷо насри мусаҷҷаъ кор мефармояд («Бо ҳар гуна хӯриш парвариш менамуд». «Ман ба дарбадарию хокбасарӣ одат накардаам» (Фароғат, с. 53), калимаю таъбирҳои нав месозад («кори ҳирфаӣ», «мояи мувоҷеҳ», «ба сутӯҳ омадан»), калимаҳои техникии русии байналмилалиро ҳам тоҷикӣ менамояд (маркшейдер – нақшабардор), ба ҷумлаҳо оҳанги мақолу зарбулмасал медиҳад («Ҳелчаи гунҷишк набояд ягон вақт вайрон шавад»), аз калимаю ибора ва ҷумлаҳои пурмаъно, хаёлҳои рангину таронаҳои дилнишин, тобишҳои хаёломез бамаврид кор мефармояд: «Вале ӯ ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки дӯсти ҳамсангару ҳамболи худро зиндаю зор дар осмони нурбор ба чунин ҳоли ногувор гузорад» (Беляев, с. 14); «Бачагар ша-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё