Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

чун Аҳмад ШОРЕЪӢ, Эҳсони Раҷабзода, Пазмон Ҷамшедӣ, Саид Салимӣ ва дигарон истифода карда, гоҳ дар шарҳи рӯзгорашон таваққуф менамояд, вале сифатҳои олии ин гурӯҳи персонажҳо бештар дар атрофи Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ ҷамъбаст шудааст. Устод С. Айнӣ дар асарҳои калони бадеию таърихӣ беш аз панҷсад образу персонажҳо мисол меоварданд. Зотан, масъалаҳои таърих образписандӣ дорад, хусусан асарҳои таърихӣ аз персонажҳои лаҳзавӣ зиёд корбар мешаванд. Романи «Накби Истиқлол» ҳам, ки асари таърихии ҳозиразамон аст, аз шахсиятҳои гуногуни раҳбару коргар истифода кардааст. Аз Президенту раҳбарони давлатҳо то олимону донишмандон, мутахассисони соҳавӣ, дигар коргарон ба ҳукми вақту замон аз рӯйи вазифа ва касбу ҳунар фаъолият менамоянд. Муаллиф дар миёни образҳо дӯстию ваҳдати умум ба вуҷуд оварда, мушкилтарин корҳои дунёро аз ҳамин меъёр месанҷад ва баҳо медиҳад.

Дӯстони ҳамсабак ва ҳамхизмат Мафтун, Шералӣ, Ҷобирбек ва ҷавонони ғайратманд Азиз, Карим, Маҳмуд, Ислом, Саттор ва дигарон бригадаҳои махсус ташкил намуда, аз душвориҳои қаҳри замину кӯҳ, бӯйи ғализу беҳавоӣ, фалокатҳои тасодуфӣ, фурӯ рафтани замину резиши сақфи нақб наҳаросида, то он рӯз, ки қутбҳои шимолу ҷануби нақби Анзобро ба ҳам васл мекарданд, мардонаю собитқадамона хизмат намуданд. Нависанда дар бораи Мафтуну фаъолияти вай, Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ ҳамчун образҳои марказӣ диққат додааст. Ин ду образ ду шахсутуни романи ҳуҷҷатист, ки ҳамаи бори асар асосан бар дӯши онҳо вогузор шудааст.

Романи мустанад дар эҷодиёти Бахтиёр Муртазо як гардиши муҳими адабист, ки ҳамоно қувват аз очерк мегирад. Гӯё силсилаочеркҳо ин асарро ба вуҷуд овардаанд. Аз Душанбе то кӯҳи Уштур маводи ривоят ҷамъ овардан, як шохаи Роҳи Абрешим донистани ин мавзеъ, аз таърих, қайдҳои сафар, ёддошту ҳуҷҷат пурманфиат кор бурдан са-

пешина
аз 263
навбатӣ