Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
рафоқат ва муттаҳидии халқиятҳои гуногун баён меёбанд. Бо ин усул муаллиф ғояи ободкорӣ, созандагӣ ва ваҳдати миллиро талқин намуда, ҳифзи ин арзишҳоро зарур меҳисобад ва дар бедории ҳисси ватандӯстӣ, меҳнаткаринӣ, худшиносиву худогоҳии хонанда саҳим мешавад.
Мавзӯи кишоварзӣ низ аз муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад, зеро пойдории ҳаёт ва ҷомеа аз фаъолияти пурсамари марди деҳқон, фаровонии ҳосил, рушди бахшҳои соҳа ва амсоли он вобаста аст. Аз ин рӯ, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз давлат ва ҳукумат барои амалигардии барномаҳои гуногунсамти соҳаи мазкур аҳамияти бештар медиҳад. Дар замони муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар стратегияи давлатӣ таъмини амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои асоссӣ эътироф намудааст, ки аз аҳамияти хосса доштани ин соҳа дарак медиҳад. Инъикоси ин мавзӯъ дар таърих, адабиёт, фарҳангу санъат ва ғайра мақоми муайян дорад. Дар очеркҳои Бахтиёр Муртазо мавзӯи кишоварзӣ, зарурати ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ахлона меҳнат кардани кишоварзон, роҳу усулҳои ҳосилхез намудани заминҳои лалмиву обӣ ва истифодаи самараноки онҳо, мушкилоти норасоии мутахассисони соҳа, ҳалли муаммоҳои муҳим дар ин самт ба таври хосса таҷассӯм ёфтаанд.
Бахтиёр Муртазо дар тасвир, таҳлилу баррасии мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи зиёд дорад. Ӯ дар деҳа ба воя расида, ҷисму ҷонаш ба деҳқонӣ, корҳои саҳроӣ одат кардааст ва ин соҳаро хуб медонад. Аз сӯйи дигар, аз тамоми пешрафту мушкилӣ, ҳодисаву таҳаввулоте, ки дар ҳаёти деҳқонони кишвар ба вуқӯъ меоянду тариқи ВАО паҳну интишор мешаванд, бохабар аст. Яке аз усулҳои кори эҷодияш дар он аст, ки пеш аз навиштани мавод самти ба таҳқиқгирифтаи соҳаро меомӯзад, бо мутахассисони касбҳои гуногун сӯҳбату мулоқот менамояд, ҳолати феълии корро мебинад, дақиқ мекунад ва сипас ба хулосаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё