Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
амиқ меояд.
Дар маҷмӯаҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Ман заминро дӯст дорам», «Лимӯи тоҷик», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Ҷавпазак», «Нуҳ чанори Балҷувону Баҳманрӯд» ва ғайра очеркҳову қиссаҳои зиёде дар соҳаи кишоварзӣ интишор гардидаанд, ки ҳанӯз ба пуррагӣ омӯхтаву таҳлилу арзёбӣ нашудаанд. Мазмуни ин асарҳоро ғояи созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва фидокории инсонҳо ташкил медиҳад. Бо вуҷуди умумияти инъикоси ин мавзӯъ дар давраҳои гуногуни фаъолият, онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Сохти давлатдорӣ, тарзу усули кор, натиҷаҳои меҳнат, муносибату омол ва амсоли ин омилҳои асосии фарқкунандаи он ба ҳисоб мераванд.
Очеркҳои «Лимӯи тоҷик» ва «Хонаи дарё» ба ҳамин гуна аҳамият моликанд. Ин очеркҳо масъалаи тарзи парвариш, зиёд намудани меваҳои ситрусӣ ва истифодаи босамари заминро дар бар мегиранд. Муаллиф парвариши ин меваро дар шароити Тоҷикистон имконпазир ва аҳамиятнок ҳисобида, талқин менамояд, ки ба афзун кардани масоҳати он диққати зарурӣ дода шавад. Бо ин мақсад мутахассисон ба кишвар даъват мешуданд, то роҳу усулҳои муосири парвариши намудҳои гуногуни растаниҳои ситрусиро ба деҳқонони тоҷик омӯзанд. Аз Гурҷистон Владимир Сулая аз ҷумлаи аввалинҳо ба минтақаи таҷрибавии Вахш меояд. Ӯ дар шароити иқлими минтақа парвариши растании лимӯро ҳамроҳи олимону деҳқонон шурӯъ мекунад ва дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои хуб ноил мегардад. Баъдтар деҳқонони асил Ходим Боҳиров, Убайдулло Эшонқулов, Людмила Ефимова, Худойдод Қосимов, Олим Ҳакимов ин навъи растаниро ба минтақаҳои гуногуни кишвар бурда, теъдоди дарахтону хоҷагиҳои онро зиёд менамоянд. Ҳамин азми мушкил ва ба иқтисодиёти кишвар манфиатовар дар очерк тавассути тасвири фаъолияти шахсони меҳнатдӯст нишон дода мешавад. Натиҷаи заҳмат он ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё