Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ҳалли ин кори мушкил қувват бахшидааст. Ба қавли мунаққид Ҳасан Муҳаммадиев «... афзалияти китоб қабл аз ҳама дар он аст, ки муаллиф дӯстии халқҳои Ватанамонро самимона ситоиш кардааст. Маълум аст, ки дар мамлакатамон чунин сохтмонҳои азим бо қудрати дӯстии мардумони қавипанҷаи мо сомон мепазиранд».

Публицист дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои дастрашуда пеш аз ҳама барои хонанда маънии Бешкандро маънидод намуда, баъдан ба тасвири масъалаҳои ба ин минтақа алоқаманд мегузарад. Ин равиши кор имкон медиҳад, ки хонанда дар куҷо ҷойгир шудани ин минтақаи офтобии кишвар, сатҳи фарҳангу маънавиёт, расму оин, урфу одат, шугл ва касбу ҳунарҳои мардумиро дониста, ба воқеаҳои таҷассумёфта бештар таваҷҷуҳ намояд.

Дар воқеъ, аз баррасии чунин масъалаҳои кишоварзӣ бармеояд, ки муаллиф муҳим будани ин соҳаро дуруст инъикос намуда, қадр кардани меҳнати кишоварзон, самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи заминро зарур меҳисобад.

Очеркҳои нависандаи соҳибистеъдод Бахтиёр Муртазо ба ғояи иҷтимоии давру замони муайян иртибот гирифта, баҳри татбиқи ҳадафҳои он равона шудаанд. Муаллиф дар интихоби мавзӯъ, сохтани сюжа, баррасии воқеаву саҳнаҳо ва тасвири қаҳрамонҳои осори худ ин ғояро сармашқи эҷод қарор дода, дар симои қаҳрамонон фикру зикрашро ба беҳбудии зиндагии мардум сарф менамояд.

Китоби «Ман чароғ афрӯхтам» аз ҳафт фасл иборат
буда, очерку қиссаҳои ҳуҷҷатии ба мавзӯи кишоварзӣ
алоқаманд, амсоли «Ошёни гунҷишк ва раиси ҷонфидо»,
«Домулло Судур, мулло Аҳмади Сорбоғӣ ва Гиёҳи Зоғча», «Садамаи обхез ва ҷабҳаҳои ободонӣ», «Қиссаи кӯли
Раҳматулло», «Имтиҳон», «Дар суҳбати марди наҷиб»,
«Зиндагӣ арсаи набард аст»-ро фаро мегирад. Дар ин
очеркҳою қиссаҳои ҳуҷҷатӣ инсондӯстию фидокорӣ, ғам-

пешина
аз 263
навбатӣ