Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва онро аз офатҳои табииву ҳашарот ҳифз менамояд. Баъди гузашти чанд моҳ ҳангоми ҷамъбасти ҳосили фаъолият кишти ӯ нисбат ба заминҳои дигар ҳосили хуб ба бор меорад. Пас аз ин роҳбарону мутахассисон ва деҳқонон ҳар гоҳе ба кишти шолӣ машғул шаванд, ҳатман аз ӯ маслиҳат мегиранд.

Мунаққидону публицистон ба қиссаи «Чашмаи офтоб»-и Бахтиёр Муртазо баҳои баланд дода, онро «солномаи навзамини Бешканд» (андешаи устод Мутеулло Наҷмиддинов) номидаанд. Ин асар дар публицистикаи ҳуҷҷатии тоҷик намунаи беҳтарини асарҳои ба мавзӯи кашфи заминҳои нав бахшида эътироф шудааст. Ба андешаи нависанда Мутеулло Наҷмиддинов: «Чашмаи офтоб» ҳаёту талоши фотеҳони Бешкандро самимона ва бо ҳарорати дил тасвир карда, ҳамчун солномаи бадеии навзамини ин водӣ хизмат хоҳад намуд. «Чашмаи офтоб» адабиёти ҳуҷҷатии моро ғанӣ гардонида, хотираест ба садоқат, фидокорӣ ва қаҳрамонии кошифони заминҳои нав». «Бешканд чӣ маъно дорад?», «Оғози баҳори ҷӯл», «Мизони одамият», «Оби Кофарниҳон - ба дашт», «Камарбанди сабз», «Қиссаи зардолуи орифӣ ва як вагон пахта», «Марди некфарҷом», «Сафҳаи достон», «Гул кунад дар Дашти марго зиндагӣ», «Аз Қабодиён то Пинар дел Рио», «Сарсабзиҳои доғи сафед», «Чашмаи офтоб», «Ҳар қитъа замин барои кишт аст», «Барҷӯш, дило», «Себи пайванди хонадон», «Боғҳои Семирамида» мундариҷаи асар буда, асосан вазъи соҳаҳои кашфи навзамин ва кишоварзӣ, дастоварду мушкилот, набудани мутахассисони гуногуни соҳаи мазкур ва роҳҳои расидан ба мақсадҳои давлатро дар ин самт фарогир аст. Қаҳрамонони очеркҳои Бахтиёр Муртазо намояндагони халқҳои гуногунанд ва ба Тоҷикистон, хосса Бешканд пайвастагии устуворе доранд. Дар фикру андешаи онҳо ҳалли мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мавқеи зиёд дорад. Ваҳдату дӯстии халқҳо

пешина
аз 263
навбатӣ