Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
масъала, яъне эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ диққати хосса зоҳир намуда, як силсила очерку қиссаҳои ҳуҷҷатиро таҳти унвони «Пайванди ногусастанӣ», «Оҳан механдад», «Шарораҳо», «Садои чархи модар», «Ҳарорати кӯраи чӯянгудоз», «Одами ҷавҳардор» ва ғайраро эҷод намудааст. Дар ин миён очерки «Оҳан механдад» аз ҷиҳати банду басти адабӣ ва саҳнаҳои воқеӣ хеле ҷолиби диққат аст.
Дар очерки «Оҳан механдад» нависанда Бахтиёр Муртазо сужаро ҷолибу муассир офаридааст. Истифодаи ибораи «оҳан механдад» рамзӣ ва образнок бошад ҳам, асоси воқеӣ дорад. Аслан ханда хоси инсон аст, ки нисбат ба ашё, ҳодиса ва амале ифода мешавад. Хандидани гул, офтоб, ҷонварон ва амсоли ин дар тасвирҳои адибон зиёд истифода шудаанд, аммо ибораи «оҳан механдад» дар публитсистика, хосса очерк ифодаи нав аст. Нависанда Бахтиёр Муртазо бо ҳарорати баланд тафсонидани оҳанро, ки сурх мешавад, ба ханда ташбеҳ додаасту он басо моҳиронаву барҷой омадааст. «Оҳанро ангишт механонад, хо, ангишти бурс, — нигоҳи саволомези маро пай бурда, шарҳ дод усто. — Ангишти бурс бисёр баҳосият аст, оҳанро чун бирешим нарм мекунад. Агар оҳангар ангишти бурсро ба кор барад, оҳан шираноқ мешавад». Қаҳрамони очерки мазкур ба касби оҳангарӣ, сохтани асбобҳои гуногуни рӯзгор машғул аст. Публитсист дар тасвири фаъолияти ин ҳунарманд эътибори хосса додааст. Саҳнаву ҳодисаҳо, қаҳрамонҳо, афкор ва мушкилиҳои гуногуни иҷтимоӣ асоси воқеӣ доранд, бо онҳо ҳар рӯз вохӯрдан мумкин аст, ки аз назари очеркнавис онҳо дур намондаанд. Меҳнати ҳунармандони оҳангар дар офаридани ашёи гуногуни рӯзгордорӣ хеле калон аст. Онҳо монанди адибон, ки барои аз вартаи ҳалокати маънавӣ баровардани халқ бо хуни дил асарҳо меофаранду заҳмат мекашанд, дар як пояанд. Чунин ба муқоиса гирифтани ду навъи ҳунар ҳам аз ҷониби муаллиф бесабаб нест, зеро ҳам оҳангарон ва ҳам адибон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё