Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
меҳнати хорошикан менамоянд. Дар чунин саҳнаҳо маҳорати адиби публитсист дар пайвандсозии ҳақиқати воқеӣ ва бадеӣ бараъло намудор мешавад. «Ба садо бодиққат гӯш диҳед, ба ҳамон савт, ки мисоли тақтеъҳои шеър шунида мешавад. Пас, оҳангарӣ низ вазн, низом доштааст ва таваҷҷуҳ фармоед, ки: «тик-ткр-р» як тақтеъ ва «тик, тик, ткр-р» тақтеъ дигар аст ва агар ба садои болғаи оҳангар гӯш кунед, ба як низом ҳамчунин мусалсал хоҳад буд. Баъд аз ин тақтеъҳо шеърҳои хубу дилписанд - досу каланд, белу табари бадошт ва зебо офарида мешаванд». Дар таҷссуми таносуби воқеият ва бадеияти очерк на танҳо воқеаву сужаҳои бузург, балки хурдтарин ҷузъиёти масъала аҳамият ва нақши хосса дорад. Бахтиёр Муртазо дар очерки «Оҳан механдад» ба ин хусусият эътибори махсус додааст.
Ҳифзи муҳити зист, ғамхорӣ ба паррандагон ва дигар намуди ҷонварон вазифаи ҳар шаҳрванд буда, дар ин самт таваҷҷуҳ зиёд аст. Адибон дар асарҳои худ мардумро талқин менамоянд, ки ба олами набототу ҳайвонот муносибати хуб намоянд. Нависандаи ҷӯянда дар очеркҳои ба ин мавзӯъ алоқаманд ҳамеша аз доираи ҳақиқат берун нарафта, саҳнаҳоро бо образҳои бадеӣ ҷолибу муассир тасвир кардааст. Дар нигоштаҳои публитсистии ӯ, хосса очеркҳои адиб воқеият дар мадди аввал қарор дорад.
Очерки «Дар он боге, ки мургонаш наҳӯсанд» аз ҷиҳати моҳият, интиҳоби мавзӯъ, таносуби воқеият ва бадеият, инъикоси ҳодисаю падидаҳо ва фарогирии қаҳрамонҳо ҷолиби диққат мебошад. Мазмуни очерк фаъолияти илмӣ ва ғамхории Кутерма Дмитрий Тимофеевичро нисбат ба ҷонварони мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар бар мегирад. Ӯ ҷӯҷаи тазарвро, ки яке аз паррандагони нодир аст, ёфта, онро бо ғамхории махсус парвариш мекунад. Баъди бузург шудан ҳам ин паранда ба соҳибаш вафодор мемонад, ба чангал назди ҳамҷинсҳои худ барнамегардад. «Тазарви заринпар гирди ман тоб мехӯрад, басо хушҳол шудам, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё