Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ин шароит фароҳам меовард. Таҳсил дар мактаб-интернат ҷаҳони маънавии ҷавонро ба оламу одам куллан дигаргун кард. Завқаш барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олию касбӣ боло гирифт. Ва бо ҳамин завқу ҳаваси ҷавонӣ ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бохтар, ки дар водии Вахш ягона муассисаи муаллимтайёркунӣ буд, дохил мешавад.
Ҳангоми таҳсил дар корҳои ҷамъиятии донишкада фаъолона иштирок намуда, пайваста соҳиби мукофот мегардид.
Донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, сипас ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Ба тасвири нависанда Бахтиёр Муртазо ҷавонмард ҳам дар меҳнат, ҳам дар таҳсили илм муваффақ аст.
Барои он ки қаҳрамонро дар ин ҷода дуруст шиносем ва аз баъзе масъалаҳои иҷтимоии зиндагии ӯ бохабар шавем, албатта, ба воқеаҳо, саҳнаҳои очерк таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан зарур аст. «Дар таҳсил ҳам ӯ пешкори рафиқони худ буд. Барои он ки аз дигарон ақиб намонад, шабу рӯз китоб мехонд. Дар даврае, ки маҳфилҳои илмии донишҷӯён мешуд, шабҳо пас аз мутолиаи тӯлонӣ дар болои китоб хобаш мебурд. Ба суолҳои устодон кӯтоҳу пурмазмун ҷавоб мегардонд». Бо таҷАССУМИ ин лаҳзаву саҳнаҳо қобилияти баланди илмомӯзӣ, ташкилотчигӣ ва меҳнатдӯстии қаҳрамони очерк намудор мегардад.
Адиб барои баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ ва тасвири воқеият ҳамчунин ба санадҳои дастдошта ва ба рӯзгору фаъолияти қаҳрамон муроҷиат карда, ба ҳодисаву саҳнаҳо қувват мебахшад. Шинохт ва маърифати масъалаҳои иҷтимоӣ, баҳо додан ба равандҳои мухталиф аз адиб дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати хоссаро талаб мекунад.
Ҳамин тавр, омӯзиш ва баррасии баъзе очеркҳои адиб
Бахтиёр Муртазо нишон дод, ки ӯ аз рӯҳия ва ғояҳои пешқадами замон баҳра бардошта, бо ҳаёту фаъолияти эҷодии
худ бо замон ҳамқадам аст ва масъалаҳои муҳиму мубрамро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё