Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
хоси гуногун ва гурӯҳи дигар аз мушоҳида, дарку фаҳми шахсӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳанд. Бахтиёр Муртазо мавқеи иҷтимоии қаҳрамони очерки худро бо ин ду усули муайяншуда омӯхтааст.
Очеркҳои портретии адиб, асосан, инъикосгари меҳнати ҳамзамонон, дастовардҳои ҷомеаи муосир, беҳтар шудани некуаҳволии зиндагии мардум ва амсоли инро дар бар мегирад. Очеркнавис ба ин ҷиҳат эътибори махсус зоҳир кардааст. Дар оилаи қаҳрамони марказии очерк ба тарбияи меҳнатдӯстии фарзандон диққати ҳамаҷониба дода мешуд, ки ин ба дарки моҳияти масъалаҳои иҷтимоӣ ба хонанда ва рӯҳияи ӯ бетаъсир нест. Ҷанбаи дигари масъалаи иҷтимоӣ дар очерк он аст, ки мушкилиҳои кору зиндагӣ, норасоии техникаҳо барои кишти пахта ва дигар намуди зироату полезиҳо зуд-зуд ба риштаи таҳлилу мулоҳиза кашида мешаванд. Қаҳрамони асар, ки деҳқонзода буд, ҳамаи инро мушоҳида карда, аз наврасӣ ба корҳои вазнин машғул мешуду таҷриба меомӯхт. «Мардони пуртаҷриба ва кордида ӯро аз ин амал боздоштанӣ шуданд, зеро пайкари бачаи дувоздаҳсола ҳанӯз тавони онро надошт, ки ҳалтаи вазнини пур аз хокро аз ҷое ба ҷое барад. Вале ҷавон пофишорӣ кард ва ниҳоят гапи худро гузаронд». Дар тасвири муаллиф қаҳрамони очерк ба наврасии худ нигоҳ накарда, баъди дарс ба саҳро омада, дар кишти пахта ба деҳқонон ёрӣ мерасонд. Дар шабҳои маҳтобӣ ҳамроҳи ҷавонону мардон ба дарави ғалла машғул мешуд ва ин ҳама меҳнату талошҳо дар вуҷуди ӯ мустаҳкам ҷой гирифта, дар зиндагӣ мавқеашро баланд намуд.
Очерк саҳнаҳои зиёдеро аз рӯзгори оилавӣ, ки моломол аз воқеияти иҷтимоианд, дар бар мегирад. Дар ин саҳнаҳо қаҳрамони марказӣ бевосита иштирок накунад ҳам, амалҳо ба фаъолият ва рӯзгори ӯ иртибот доранд.
Баъди фавти модар бародараш ба вай ғамхориву меҳрубониҳо намуда, барои дар ҳаёт мавқеъ пайдо наму-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё