Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
намимонд. Лоақал ду нафари ахираш бо ӯ биистад, осуда мебинад. Баъди ошомидани таъоми хушлаззат мӯйсафед ба рӯи Файзулло хуб зеҳн монда, пурсид:
— Чандрӯза омадай, бачам?
— Пагоҳ гашта меравам. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ дидан даркор. Кори дипломӣ менависам.
— Ҳе, бачаи соддама бин-е, мо бо обилаи кафи даст гандум корида, нон хӯрдем. Ту бошӣ, диплом гуфта, рангата заъфарон кардаӣ. Ё аловгирӣ омадай? «Як-ҳафтаина ҷавоб гир», — гуфта будам-ку. О, бифаҳм, дунё — косаи давр, падару бобоёни мо куҷо шуданд? Мо ҳам офтоби сари кӯҳем, дунёбон намеистем. Мақсад чӣ? Ҳеҳ, хонаи Шариф рафта, бачаҳои ӯро мебинам, ба пешвозам «бобом омад!» гуфта медаванд. Дар гарданам сувор мешаванд, шайтонҷаҳо. Файзулло! Дина, ба номи духтари тағоят рӯймол дарондани шудем, кампир намонд. «Худаш биёя, як даҳан пурсемаш», — гуфт. Бамаврид омадӣ, қариб чизу чораи тӯйро бурда будем...
Файзулло ҳамранги оне, ки ба пушт санги осёб дошта бошад, сараш хам, аз дастархон чашм наканда, то ахир ба ҳарфи падар гӯш андохт. Ба сурати донишҷӯе, ки дар ҳалли чиптай душвор майна об мекунад, ба хаёл рафт. Чӣ бигӯяд? То ҳол ба рӯи падар каҷ нигоҳ накардааст. Барои як духтар ӯро биранҷонад? Сунҷори хушоянди хонаводаро нағз намебинад-ку. Зиёда аз ин, хеши наздики худашон, яке соз нагиранд чӣ? Ғиҷчовак гулӯяшро хӯрд. Андомаш тағйир ёфт, ранги рӯяш канд ва забон хоида гуфт:
— ...рост гап занам, ҷангам намекунӣ?
— Бигӯ, доғи машваратам, — печутобхӯрии писараш ба падар хуш наёмад.
— Каме осемагӣ кардаӣ.... Зани ман дар шаҳр..., — чеҳрааш лоларанг ба забон овард Файзулло.
Бародарон аз ҳушёрии «бачаи хаппак» даҳонашон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё