Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
НИШОНИ ТИЛЛО
Баъди солиёни дурӣ аз деҳа Ҷамшедпо аз паҳлӯи дабистони азизаш гузор афтод. Вай ба баланди е баромаду аз он ҷо муддате ба манзараи майдони пурмағал, роҳравҳои озода, дарҳои бози дарсхонаҳо ва мардаки хушсару либоси айнакие дар ҳалқаи ҷавонон назар андохт. Садоҳо нимшунаво мерасид ба гӯш. Зери шав-қӯну мағали мактабиён хиёлашро духтараки сафед-пӯше, ки дар даҳлези хонаи муаллимон ба кӯмаки мар-ди чорпаҳлӯе зангӯла мезад, беихтиёр дуздид. Муал-лим сари духтаракро сила карда, зангӯларо худаш ба-ландтар бардошта башиддат зад. Майдон батадриҷ хо-лӣ шуд. Аз муаллимони сабакдодааш касе ба назараш нанамуд. Кӣ медонад, ба пирӣ расида, корро бас кар-да бошанд? Кулли муаллимон ҷавон менамуданд. На-вомаданд онҳо.
Зангӯла ҳамвора занг мезаду тоқа-тоқа бачаҳои гапнодароро ба дарси навбатӣ мехонд. Таккондеҳи зан-гӯла Ҷамшедро зиёда диққат рабуд. Магар ӯ ҳамон устод Нозим Шарифзода нест? Ҳа, худи худаш. Ҳамоне, ки мудири мактабро боб карда буд. Фақат мӯйлаб мон-даву солортар шудааст. Ҷамшед дар камари кӯҳ бин-шаст. Аз воқеоти ғалатии айёми мактабхонӣ, саргардо-ниҳои ба нишони тилло марбут ба ёдаш омаданд.
Мудири нави мактаби деҳа Сафар Обид, ки ҳамеша шиму пиҷчаки сафедтоб пӯшидаву ба гардан галстуки қуббаборики арзонак баста, ба сар тоқии ҷустии кӯх-на мениҳод, яъне «хоксор» мегашт, на аз қафомонии хонандагон дар хониш ва бепарвоии баъзе муаллимон дар ин бобат, балки аз чизи тамоман дигаре — пеш-ниҳоди шогирде ба нишони тилло дар изтироб буд. Таҳ ба таҳ месӯхт ва манзараҳои нохуше дар тасаввураш рӯ мезад. Эҳ, басо эҳтиёткор буд, Сафар Обид! Эҳтиётӣ зиёдаро манша тарс аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё