Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳини азфарёдмонии хурӯси момои Ниҳол ӯ вориди саҳни мактаб шуду бе ҳолпурсии мӯйсафеди посбон аз миёни раддаи дарахтон гузашта, сӯи хонаи кориаш рафт. Бобои Хӯҷа аз обдиҳии гулҳои садбарг бозмонда, бар дастаи бел тақя андохт, риши ғулиаш чап ғашта, даҳону биниашро пӯшонд. «Хонааш тинҷ боша, ғариба? Дар вақти ҷонинишиш як даҳан аҳвол мепурсид. Гардиши фалак масташ карда?...» — бо ҳамин андешаҳо бобо ба рафти об қадам партофт.

Аслан баъди имтиҳони охирин ба таҳлукаи ҷиддӣ ғалтид Сафар Обид. Хоҳу нохоҳ вазнинии кор бар дӯши ӯст. Пас чора бояд ёфт. «Илоҷи воқеа — пеш аз вуқӯъ». Пешрафти даҳсолаи шогирди «аъло»-хонро варақ гардондан лозим. Ку, сазовори нишони тилло ҳаст ё на? Аҷабо, худаш низ дар синфи ҳаштум ба ӯ дарс гуфта. «О, мактаби олӣ миёна нест, ки даҳонатро воз кардиву муаллим фикри баҳогузорӣ кунад. Ун ҷо профессорҳое мешинанд, ки равиши фикри майнаи саратро медонанд... Маънисанҷанд. Не, барои кайк шуда пӯстинро намесӯзонем».

Ҳавои тоза намешамид, гӯё ба танаш сӯзан мехалид. Талабаҳо як-як меомаданд. Аз саф-сафи шогирдон майдон зеб мегирифт. Ӯ ҳаловат намебурд, билакс аз он миён чеҳраи ба сараш «бало»-орандаро меҷуст. Бовар намекард, ки бачаи оҳангаре даҳ соли пурра «аъло» хонда бошад. Барои писари калонӣ шароит муҳайё сохта, доғ буд, ки Фарҳод сарашро ба осмон мерасонад ва дар таърихи мактаб ному насабаш ҷовидона мемонад. Ҳай-ҳай, фарзанди нобоб фақат то синфи ҳаштум ҷору панҷ хонду бас. Хайр, ин паҳлӯро ҳисса дигар аст.

Баргашт ба паси мизаш. Дигар масоили рӯзро фикри нишони тилло кушта буд. Чӣ боядо? Нигоҳаш ба дар кӯк мешуд, ки онро ҷавони озодалибоси кулчарӯе оҳиста кушоду омада баодобона вохӯрд. Чашмони бумии

пешина
аз 139
навбатӣ