Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯро мекованд, караку андохта меравад ба паскӯча. То мардум бибинад, ки чӣ кадре дорад як имзояки ӯ! Ҳатто ба дафтарҳои муаллимон порина якбора имзо намедавод. Бо онҳо мебурду меовард, шармашон доронда, сиёҳу сафед аз гап серашон мекарду пасон, имзои пайи мурғакашро бедимоғ мегузошт. Муаллимони ҷавонро навиштани барномаи дарсӣ не, «ситондан»-и имзои «табаррук» гарон меафтод.
— Нишони тилло-о! Ана, чизе, ки вуҷудамро хӯрда истодааст. Номаи камоли сурхаш бинависам — балои ҷон, нанависам ҳам.
— Ахлоқашро бад бинависем-чӣ?
— Бекалла! Кадом кӯчагард «аъло» хондааст? Хубаш, ҳуҷҷатҳои даҳсолаи Ҷамшеди Ҳофизро биёр ва Шӯрои муаллимҳоро даъват бикун.
— Узви Шӯро набудаҳоро-чӣ?
— Хӯҷаини мактаб моем! Касеро лозим бидонам, ҳамонро мегӯӣ!...
Ҷумла муаллимин дар ҳолевориди хонаи кори Сафар Обид шуданд, ки ӯ ба сукут рафта, сарашро миёни панҷаҳош мефишурд.
Сафар Обид ниҳоят аз сукути лангардораш вораҳида, арз кард, ки ба сари худ бало намехарад, дар маҳкама ҳам шиштанӣ нест. Ду даҳан гап зада, аз куттии «Беломорканал» донае ба гӯшаи лаб ниҳоду дуд кард.
Дуди ғализ дами нафаси баъзеҳоро баст. Навори таҳдидомези сабташ хираи каммаъно аз забони мудир балакнат ба гардиш омад. Зумрае гуфтанд, ки Ҷамшед медонаду дави аспаш. Имтиҳоноти донишкадаи олиро биспорад, мо дуогӯ, агар не, ба шиновари дарёнадида ғавҷӯб намешавем.
— Дарди сар шуд, ин нишони тил-ло! — дуди тамокуро фурӯ бурд Сафар Обид. — Аз зарбати фикри ин нишони зормонда ду тор мӯйи сарам ҷобаҷо рехт.
Шумо гувоҳ, аз баҳри ҳамон нишон мегузарем.

пешина
аз 139
навбатӣ