Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
шарафи пешинаи дабистонро азнав ба дуродур бибарад. Муколамашон хеле шадид мегузашт.
— Гапи домулло рост! Борҳо гирди ҳам омадаву баромада рафтаем, — дастгирӣ меёфт матлаби устоди барӯманд Нозим Шарифзода аз ҷониби ҳамкорон.
— Сабаб чӣ, Сафар Обидовичӣ мӯҳтарам, худатон аз риёзиёт се ё чораш нагузоштед?
— Ту коҳи кӯҳнаро бод накун. Таъоми шаб хӯрдагима рӯз фаромӯш мекунам, — аз мавзӯъ гурез ҷӯст мудир.
— Худатон раиси ҳайъати имтиҳонгир будед-ку? — ба самти ҳақиқат кашидание шуд ӯро муаллими ҷавоне.
— Ҳовва, будем. Наход шумоҳо кундзеҳн бошед-а? Чӣ хел бифаҳмонам? Тиллоро умуман ба одамони хизматнишондода медиҳанд. Мисол бигирем, ба рафиқ Юрий Гагарин, ки аввалин бор ба осмон парида рафту дигар наомад. Ё, ба Сайидмӯъмини паҳлавон, аз Ҷоғӯбқули худамон, ки як муғули барзангиро ҳуҷ карда шаппид. Бачаи Ҳофизи оҳангар-чӣ? Кӯдаки дирӯза. Не-е, ин ҳеҷ мумкин не!
— Даҳ сол соф «панҷ» хондааст, охир.
— «Панҷ»-аш, ки мондаед, худатон медалаш диҳед!
— Агар Фарҳоди худатон мебуд, талош мекардед, мӯҳтарам Сафар Обидович! Шумо бо ин рафтор мардумро ба иштибоҳ меандозед.
— Шуд, ба шумоҳо ҳафт-ҳашт карда намешинам. Қатори хӯ, он номаҳои камол, — ба тали чидаи рафи ҷевон ангушт рост кард Сафар Обид, — менависамаш дар муқоваи кабуде.
Толибилмон, мардуми деҳ, рафтори намуна ва хониши аълои бачаи оҳангар пеши рӯ, валек аз танзими ҳуҷҷатдорӣ бехабар, сади дар сад бовар доштанд, ки Ҷамшеди Ҳофиз мактабро бо нишони тилло хатм мекунад. Овозаи нишони тиллоинро худи шарикдарсон чигилтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё