Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бофтанд. Се сол пеш, раҳбари собиқи синфашон Сарвар Мирзо гуфта буд, ки зинда бошем, гов кушта, якҷоя хатми мактаб ва нишони тиллои шогирдро ме-шӯем, тӯй медиҳем. Ормонаш нашикаста, бандагиро ба ҷо овард бетолеъ. Худо раҳматаш бикунад!

Лаҳзаи хайрбод, рӯзе ки шарикдарсон ҳамоиш карданд, гӯшу ҳуш буданд, ки бачаи оҳангари даҳ со-ли расо «аъло»-хон, чӣ ранг номаи камол мегирифта бо-шад. Як рӯзи тамошое буд, ки кайҳо интизориш ме-кашиданд. Аз ҳамаи фанҳо «панҷ» гирифтан ҳам ҳазл не. Ёрони нек пешакӣ Ҷамшедров табрик мегуфтанд. Ҷавон аз шарм ба обу арак меғӯтид.

Хатмкунандаҳо дар зери ҷойлоби токи ангури хӯ-шаҳояш ҳамоил болои ҳаракҳои дароз нигарони омад-омади устодон барбабар менишастанд. Метаппид он-онро дил мурғони нимбисмил воре. Гузашти вақт тор-ҳои муҳаббаташон маҳкамтарак меришту меришт. Чеҳ-раҳо мешукуфтанд, ҷодунигоҳе механдид, абрӯи думи мораш меҷунбид. Офтоб дар маросими хайрбодӣ аз сари лутф нур мепошид.

Сафар Обид чун рӯбоҳи пашми сару гарданаш рех-таи мурғдузд пеш-пеш, муаллимон аз пасаш омаданд. Қалимае ба арзи эҳтиром аз тарафайн садо надод. Сафар Обид резини галстукашро суст карду аз пешки-сааш айнак бароварда, ба чашмонаш монд. Суханонаш сард, аз нашъаи самимият орист. Муқаддимаи бераб-ти Сафар Обид ба ҳамин дастур буд. Шарикдарсон мунтазири тақсими номаҳои камол меистоданд. Ахиран ӯ аз даруни халтай селофанӣ ғарами «нома»-ҳоро болои миз бароварда, якояк бихонд. Номи Ҷамшеди Ҳофиз «тайи дело» монда буд. Мумкин номи ӯ дар охир меба-рояду ба кафкӯбиҳо пеши бараш нишони тиллоро ме-часпонанд, устодон фотиҳаи накӯ, раҳи сафедаш ме-талабанд. Ва... ду нома боқӣ монд. Иддае гардан меёзонд,

пешина
аз 139
навбатӣ