Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
то бибинад аз кист. Дар эълони соҳиби номаи камоли охирин Сафар Обид болои сӯхта намакоб тамасхуролуд хандид ва ба ҷои дуъо таънасор гуфт:
— Ма, бигир! Даҳ сол таълимат додем, хонда одам шудӣ. Мактаби олӣ миёна нест, ки «панҷ» бигирӣ...
Толибони илм диданд, ки ҳамсабаки соф «аъло»-хон номаи камоли кабудранге мегирад. Чигаршикоф буд хандаде. «Се»-хонии мо ҳам яку «панҷ»-хонии медалгир ҳам», — омад садое аз паси ханда. Таънаҳо месӯҳташ, ки шабу рӯз ҷон коҳонида, дар набудани муаллиме моро дарс медодӣ, вале натиҷааш чӣ? Дидем подоши амали «табарзану ин ҷой бизан»-ро. Гуфтанду хестанду рафтанд...
Мӯйсафеди оҳангар дар сарои болопӯш досу каланди ҳамсояҳоро аз баҳри савоб чарх мекашид. Ба бачааш ғайри хондан коре намефармуд. Рӯзе «чор» мегирифт, ба рӯзномаи Ҷамшед имзо намегузошт. Ин ҳолат ҳамагӣ як бор ба амал омад. Муаллими рустанишиносӣ ба як суол посухи саҳеҳ нашунида, ба шогирд «чор» монду пушаймон шуд. Охир, ҳамон мавзӯъро Ҷамшед азнав супорид.
Оҳангар тезии дами досро дар пӯсти нарангушташ санҷида, чархашро аз ҳаракат боздошт. Писар бо падар вохӯрду каландҳоро ба анбор бурдан хост. Бобои Ҳофиз болои кундаи чинор нишаsta, аз Ҷамшед ҷӯё шуд.
— Хату чак-та гирифтӣ, бачам?
— Ҳа, падар.
— Чиба ғамгинӣ?
— Имтиҳонҳо дар пешанд.
— Бачам, найист, дар ин маҳал! Бирав, дуртар, ҷоие ки хуш дорӣ... Ҳуҷҷатҳота тахт бикун, — падар алами Ҷамшедро рӯ назанонда, орзуҳои беҳтаринро ба наҳли умраш таманно дошт.
Шаби сияҳ будӣ рӯзи офтобӣ бари Ҷамшеди Ҳофиз. Ҳайати қабули ҳуҷҷатҳо номаи камоли яксара панҷдорро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё