Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
дида, соҳибашро ба вазорати маориф роҳӣ карданд, то иҷлозатнома биёрад. Марди раҳмгине аз ноҳақиҳо барошуфт. Илоҷи ягона нав кардани номаи камол буд. Ҷамшед боз ба деҳа баргашт. Ҳама шарикдарсонаш ба имтиҳонҳо тайёрӣ медиданду вай бошад, сарсону саргардон, аз даре ба даре медавид. Аллакай дар мактабаш ҷунбуҷӯл сар шуда буд. Сафар Обид ҳини рӯбарӯӣ, ба ҷойи алейкгирӣ ба Ҷамшед шунавонда, баланд гуфт:
— «Панҷ»-и бисёре гирифтаву мо дар бало мондем. Ҳе, медали тилло сарата хӯрад...
— Шуморо зорӣ накардам, ки ба ман «панҷ» гузоред...
Дар дунё чӣ корҳое мешудааст. Боз ҳамон ҳайати собиқаи имтиҳонгир таҳти сарпарастии Ҳабибуллоҳи Табар ва Гадои Наёзмад дар хонае гирд омада, ба «таҳлил»-и дубораи иншо пардохтанд, гӯё дафъаи аввал айнак надоштаанд. Ҷамшед мебоист бо чипта бозгашт чаппасар ба тайёра мепарид, зеро фардо имтиҳони нахустин оғоз меёфт. Бидид, ба чанд калимаи аслан дурусти иншои навиштааш думҷаҳо монда, маъноро кохонда, баҳоро ба «чор» фуровардаанд. Ҷойи гап не, «ҳар киро аз баҳри коре сохтанд».
Толеи Ҷамшед баландӣ карду рӯсурх ба зодгоҳаш баргашт. Шунид, ки пас аз дохилшавии ӯ ба донишгоҳ ба раиси маорифи ноҳия Азиз Аҷзӣ танбеҳи сахт додаву мудири ҳангомаҷӯи мактаб Сафар Обидро аз вазифа сабукдӯш кардаанд. Ҳақиқат ба ҷояш барқарор шуд. Сиёҳ ҷовидона сафедро иваз накардааст. Аз ҳама нохубаш захми пушти забон дар қалби пуршӯри ҷавон чун заҳри чакида аз даҳони мор доғ монд.
... Бигзашт чанд баҳору хазон, дид чанд гулӯзор. Ва як рӯзи дамгирӣ, фориғ аз кор, Ҷамшед бо табъи аз шодмонӣ саршор, бархосту роҳӣ шуд сӯйи бозор. Растаҳо саф-сафи одам, чеҳраҳо олуда ба ҳушию ғам, сӯзан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё