Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

меғалтид, рост меистод. Ӯ аз тамошои гулфурӯшӣ нигоҳашро об дод. Рангорангию накҳати мушкбези гулҳо, алҳақ, хотир меболонд. Вай оҳиста-оҳиста қадам мезад дар растаи кабкбозон. Соҳибон кабкҳошонро нарх монда, баъд ба майдон сар медоданд. Нафоридаш. «Бозии кабк бе нархгузорӣ ширину ҳаловатбахш аст. Басавдомонии ин паррандаи зеборо кӣ бофта баровард? Лаънат ба ӯ! Мо то куҷоҳо аз худ рафтаем. Табиатро ҳам нест мекунем, ҳам мефурӯшем...»

Ба саду як чеҳраи ошнову ноошно дучор меомад, Ҷамшед. Дуруст, чойхонаву бозор ҳам, ҷойи суханомузист. Дар ин муҳити озод мардум омиёна, бе парда гап мезананд, худситоӣ нест.

Ва чарх мезад ӯ миёни бозори сергирудор. Хариду фурӯш авҷ дошт. Мутрибе думбура мехариду мӯдбозе шими хориҷиву меҳмоне тоқию чакан. Забони фардиашон гӯшро менавохт. Баногоҳ талотуме бархост дар як гӯшаи бозор. Бекорон батаваҷҷӯҳ он сӯ давиданд. Ҷамшед оҳиста мерафт, ҳодисаро батааммул санҷида.

— Бигирен, ки мекушандам! До-о-о-од! Ҷавр-е-е-е...!

Не, баъд ӯ ҳам башаст давид. Худро ба он анбӯҳ бизад, одамонро ба ду қисм фарқ кард. Носфурӯшеро хобонда мекуфтанд, ки ба шишаҳои пӯкзадаи тамоку оҳаку юнуҷқаро омехта мефурӯхту ба ҷойи узрпурсӣ дашном додааст. Мардаки ришдор, ки аз зарби шаттаву шаллоқ дар рӯяш хун намонда буд, ба сари фарзандҳош қасам мехӯрд, ки чизе наандохта, носаш ҳамин хел тез аст. Сулҳҷӯён ба азобе муштзӯронро нигоҳ дошта, ҷони мӯйсафеди носфурӯшро хариданд.

Ҷамшед носфурӯши ба хоку хун олударо ба по хезонд, чанги танашро афшонд. Талотум камтар шуда, мардум ба раҳи худ рафт. Ӯ бимонду носфурӯш. Якбора Ҷамшед мардумаки чашмони шиносро бишнохту нигоҳашро (хайрият, носфурӯш ба ҳоли худ овора, надид!) гурезонд. Солҳое рафтаву омада-омада дар бозор

пешина
аз 139
навбатӣ