Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

вохӯрдаш. Риши ӯ то сандуқи синааш мерасид. Вай ҳамон Сафар Обид буд. Шалвору пиҷҷаки поргидори сиёҳ ба тан, гарданаш аз галстуки борики арзонак холӣ, бар сараш саллае аз матоъи сурхаки тобхӯрда баста. Ҳамон Сафар Обид буд, ки варақаҳои паҳну пареши «Капитал»-и Марксро, ки замоне аз он ҳам вазъ мехонд, чида-чида, дигар мизоҷонро ба даҳони пури нос «Пашаҳо! Ноши тежу жигариба пийё-е-е-ен!!»
намегуфт.

— Додар, ҳамин халтара ба пуштам бимону ёрдам те, то сари раҳ бибарем..., — чашм аз носҳои рехта наканда, илтиҷо кард мӯйсафед.

Ҷамшед халтаи носро ба пушти вай биниҳод ва аз гӯшаи он саҳл бардошта, аз ақиб рафтан гирифт. Носфурӯш самти ҳаракати ҳамроҳашро пурсид. Фаҳмид, ки дар шаҳр мезияд, ҳарфе назад. Дар истгоҳи автобусҳо халтаро фуроварданд. Лаҳзае ҷавонмард ғайб зад. Навбати назди тирезаи чиптафурӯшӣ адад надошт. Ҷамшед аз пешистодаҳо зорӣ кард, ки роҳаш бикушоянд, барои маҷрӯҳе чипта мехарад, дурӯғ гуфт, албатта. Роҳаш доданд. Чиптаро дарҳол гирифта, хурсанд шуд: қарзи инсониашро ба ҷой овард. Ва рӯ ба рӯйи мӯйсафеди носфурӯш омада, наздаш биистод ва дастҳо пеши бар гуфт:

— Ассалому алайкум, бобо!

Мӯйсафед ҳайрон монд:

«О, холӣ ҳамроҳам омадагӣ ту набудӣ?»

Сафеду сиёҳ рӯбарӯ омада... Нигоҳи сиёҳ дар барқи сафедиҳо бишкаст.

— Бача нашинохтамат...

— Соз нигоҳ кун, мешиносӣ.

— Дар бозор овози тарафгири ту буд, халтаро якҷоя овардем, лекин... хотираам занг задааст. Бигӯ, асли насабатро...

— Ман ҳамон бачаи Ҳофизи оҳангарам!

пешина
аз 139
навбатӣ