Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

хонасӯхта мурдааст. Болои кӯрпачаҳои мулоим хоби нозаш бурдаву акси ҷавонии завҷаашро аз таки сараш ёфтанд.
Аз «кашф»-и рассоми бӯр харро ханда миёмаду бузро бозӣ. Рангҳои нофораму дағал дилро мефишурд. На ба гулҳон хайриву бунафша, настарану ёсамин шабеҳ буду на ба нақши рӯйи қолин. Як манзараи соддалавҳонае, ки ҳар наврас онро мекашид. Аз ин кор шарм дар суроби бешарми орогар меҳмон нашуд.
— Ту чӣ кашидай, Ҷӯрабой? — ҳайрономез картони паҳнро паҳлӯ гардонд мудири бахши фарҳанги шаҳр.
— Кашфиёта намебинӣ?
— Ҳайфи иззатдориҳомон. Аз туркони бодиянишин хеш-пеш надорӣ?
— Падарам турк, модарам муғул! — сари ифтихор бардошт Ҷӯраи Бӯр.
— Хун мекашад, тасвира туркӣ баромадааст...
— Дигарашро мекашем!
Дили дидагиҳо аз орогари кӯрдил ях гашт, боз...
Рӯзе хабар оварданд, ки қабл аз ҷашнвора намоиши беҳтарин достонҳои тасвирӣ сурат мегирад. Муддаъӣ Ҷӯраи Бӯр буд. Э, асари ҷолибе надошт, ки ба маърази тамошо бигзорад. Чӣ коре бикунад? Муриди лаклакқадаш, ки гӯшҳои дароз-дарозаш ба сар часпидаву саги шикорӣ метобондаш, дари устоди беустодро боз ва ин садо кард:
— Дарак дорӣ, Додарбекам довталабай?
— Наҳо?
— Дар бозор шунидам:
— Дурӯғ будагист.
— Шумқори артис гуфт.
— Ӯ песи махов, бекор мона, ҳарчӣ-ҳарчӣ мелофа.
— Яке рост боша-чӣ?
— Э, гумуш кун.
Тарсуии Ҷӯраи Бӯрро реша дигар буд. Намехост ба

пешина
аз 139
навбатӣ