Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
ҷуз ӯ дар қаламрав нигоргареро ном бибаранд. Афсӯс, варо тоқа занаш мешинохту бас. Ҳо, пеши Худойи мутаъол дурӯғӯ нашавем, ба девори хонаҳош ҳавасакӣ гулҳои зардак, дарахти бешоҳу барг, ҳам замини паҳтазоре кашида. Аслан ба наздаш занҳо куртаву пойҷома бардошта меоварданд. Рассоми бӯр то музд намегирифт, болои матоъ қалам намекашид.
Ҳине ки Ҷӯраи Бӯр ба девори хонаҳош се-чор косагул партофт, шайтони раҷим ақлашро дуздид, ки аз Беҳзод зӯр аст. Чун донист ба омӯзишгоҳи рассомӣ ҷавоне омадаву аз олами нафосат баҳраҳо бардоштааст, малӯл гашт. Додарбеки Расо дар ҷодаи нигориш аз ӯ пеш буд. Хабари Хуршед ба дилаш алав рехт. Бо Додарбеки Расо ҳамагӣ як маротиба вохӯрда. Нигоҳи ойнасон ва андешаҳои салими ӯ Ҷӯраро ҷисман сӯхта-сӯхта хокистар ҳам карда буд.
Яке ходими илм Султонӣ маҳин-маҳин гом бардошта, ҳарчи бодо бод ба назди орогар сар халонд ва ба дастархон ҳамсоя шуд. Ҷӯраи Бӯр ва устои даҳоняла баҳам нигаристанд. Султонии ба феълашон омӯхт пораи нонеро ба даҳон бурд, аз чойники хушранг чой рехт, ба пиёлааш ним каф шакар андохт. Дуи пешина аз ғазаб сухан наёфта, ба ин паҳлӯву он паҳлӯ мегаштанд. Ҷӯраи Бӯр фӯкашро ҷониби кӯҳи Имомаскарӣ тофт. Султонӣ шакарчӯйро нӯши ҷон карда, оҳистаҳак аз ҷайбаш варақае бароварда, рӯ ба орогар гуфт:
— Дар бораи ту шеър иншо кардаам.
— Ку бихон..., — ҳир-ҳир хандид устои хунукрӯй, ки дандонҳои шол-шолаш ашкони гург метобиданд.
Рассоми мо ҳилагар,
Мехӯрад доим шакар.
Гардидааст ӯ пакар,
Вой аламои бепулӣ,
— боҳарорат хонд Султонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё