Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ёру ағёр шармсор накунанд. Ба толори ором гузашт, ки Ҷӯраи Бӯр дамбал-дамбал аз думбол омад. Мадвалӣ миёнарав шуд. Орогари хушдунба муштаке партофт кӯдакона. Лаклакқад чун тозии шикорӣ паҳлуи Ҷӯраи Бӯр омадан дошт. Вуҷуди Султонӣ сӯхт, агар қадбақад бигирад, сари ғазаб орогари бефаросатро мекушад. Ҳаёхӯ, бурдуоварди милисаҳо, хонавода, зиёда аз ҳама кампири дардманди модар пеши дидагонаш кӯҳи Қоф тобиду «Ба зоянда ва ҳафтод пуштат лаънат!» — хитобид ва худро аз мараз дур андохт.

«Нақшофарон»-и мазҳака дунболан паканае дар толор ҳозир шуданд. Бузи бозингаре буд ёвараки сардор. Паканаи морбози рӯбоҳсифати гургасли аёр ангошта, ки илми дунёи ахиратро об карда хӯрдааст. Воқеаро баваҷд асрор меҷусту тору пудаш бофта, аз Султонӣ аъҷуба метарошид. Бигардам, э фалаки модапарвар, аз бузакони лангат! Воҳе, агар худованд ба Аҳтамча қаду басти базеб, пешонии фарох, андаке хираду таҳаммул медод, худро аз фариштагони осмон кам намегирифт. Бе пакана гӯё замин безикр мемонд. Бечора аз тарси паси худаш «сарпарастӣ» зоҳир менамуд. Ҳозиринро ба хилватгаҳе бурд ва пешонии дунгидорашро молида-молидаву лабони ғунчаонашро лесида-лесида, ба оташи пархош рӯған пошида, гуфт:

— Акаҳои ҷон! Хубаш баромада ба хонаҳотон равед, он тарафаш осон.

— Ба ман алам мекунад, Султонӣ дар пасам чӯв зад — гириста гуфт Ҷӯраи Бӯр.

— Хӯҷаи Хизр биёя, намеистем! — аррас зад устои сихмӯйлаби дандонҷириқи даҳоняла.

— Ранҷида меравем, — худро ҳаким вонамуда, ҷинҷакҳои параи рӯяш халта шуд Иброҳим носиро.

— Хулоса, меравед! — пурмаъно чашмак зад паканаи ҳилагар ва сӯйи сохтмончиҳо дум хода кард.

Ва, рафтанд Шумнафасҳои асри мо!

пешина
аз 139
навбатӣ