Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
росту дурӯғро. Пашми тани саги идораро мемолиду афсус мехӯрд, ки оббо, логар шуда. То расиданаш Гургалӣ шабҳо мегирист, ки дар фалон шаҳр замин ваҳшатзо ларзидаву одамонаш ба сандуқи адам рафтаанд. Оҳе, дар он миёна Аҳтамча будӣ, заҳматакош сӯхт! Яктасту ланг меомаду ҳеҷ не, бекор гашта, ба авомуннос тӯмор менавишт, беормон мемурд.
Соате ки Аҳтамча ба ҳавлӣ по монд, Гургалӣ намонд, ки либос иваз намояд, ӯро фаврӣ ба идора бурд. Болотар бибурду назди мазори ҳакиме хуб гиристанд, ки зинда баргашт. Бегоҳи ҷумъа Ҷамолзодаро ба меҳмонӣ хонд, дардмандиаш далел гуфт, ки баҷаашро ҷо бидиҳад.
Домулло, ана, Аҳтамшо ҳам омад. Мегӯйем бихонад, бекор намонад, — манаҳашро молида-молида бечораҳол ба зону зада буд Гургалӣ.
— Аз бекор Худо безор, — дар омади гап гуфт Ҷамолзодаи Фозил.
— Алҳақ! Ба таъзим паканатар шуд Аҳтамча шими аскариашро афшонда.
— Не, Гургалӣ, — лаби дастархонро пӯшонд Ҷамолзода, — қонуни меҳнатро вайрон намекунам. Ташаккур, барои меҳмондорӣ.
— Ҳмм-м-м..., — «бо маймунбозӣ дафъат накунам, занам талок!» — ба гуселаш то сари кӯча ҳам набаромад Гургалӣ.
Аҳтамчаи берӯ аз омаданҳо по намекашид. Хандонрӯ мегирифт худрову байти маъмулеро барои соддаҳо тафсир мекард. Гӯё андӯхта буд хирадрову бехирад мегашт. Ҳамнишин ба дами ҷодуяш дармонда, аз лофаш ҷонбезор ба ҳалваткадае мерафт. Пах, беҳаё шишт ба курсии ёвариву пӯст бадал ва ниқоб дигар кард. Аз шиносоии аввал чирогашро холаи Роҳила дар об занонд.
«Чӣ тарс метӣ, чочаки даҳанта парто, баъд биё. Гургбача!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё