Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
дӯрӣ меҷӯст ва дар бардорузанаш нашъа мебурд. Ин «фаришта»-и бериё аз худ як зиндагиомӯзу китобхон метарошид. Чашмони сабзаш ба чашмони вози мурда шабеҳ буд. Ёвари беминнати Гӯргалӣ мансуб мешуду «агент»-и шахсии ӯ.
Паканаи айёр Худоро зораҳо мекард, ки чигинай Хайриддин Зоҳир каҷ биёяду бузи бозингар бигардад раҳнамо. Ҳароина тинчу осуда намешинад, сабақи «гурги пир» ба гӯшони гирдакаш ҳалқа медавад аз даре ба дареву ҳар киро ситора ношинам аст, мезанад нӯшона неш. Аҳтамҷае, ки қатори гумномон буд, қиёси кадуро аз думчааш нафаҳмида, берӯёна, аз одамони ба ӯ чун падараш ҳақдор, ниқор мегирад.
Андешаҳои Султонӣ муассир тамом шуд. Ин пуштибони камондорро бармаҳал мешинохт. Он замоно рӯпӯш гап мезадааст. Шаҳомату дағдағаашро дар мизҳои ялаққосиву нишастгоҳҳои махмалин медид. Ва Султониро орияти баланд нагзошт, ки бо манқуртон ошной биварзад ва дар варақае «...таҳти фишор кор карда наметанам» нигошт. Боқӣ, чигуна санад сохтаву рассоми бӯр, устои даҳоняла ва хаттоти носиро аз об хушк баровардаанд, кирои фикр надошт.
...Ғалатӣ рангомезӣ ёфт ҳуққабозии рассоми бӯр бо шукуфан боғи тасвир Додарбеки Расо.
Ҷӯраи Бӯр то озмун ғусса мехӯрд, ки василаи кӣ ба майдони иҷодкорон бипеҷад. Худашку тасвирае надорад, боз ҷавоне аз ӯ пеш аст, шармаш бод! Роҳ ҷуста ба идораи фарҳанг одам монд ва ба ҳайъати ҳакамони озмун шомил шуд. Мезавқид аз оне, ки фурсати пахши рассоми навруста расид. Бехабар буд аз оне, ки чӣ пешомаде ӯро интизор аст.
Толори қоҳи фарҳанг аз мусаввараҳо рангин метобид. Чавонҳо пайи мӯқалам оварда буданд. Таҷассуми Додарбеки Расо аз ҷанбаи миллӣ об мехӯрд. Таклиф уфтод, ки ҳакамон ба тамошои иҷози мусаввирон бипардозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё