Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ГУСЕЛ

Ҷавони олуфтанамии бадхашм рақами тилфуни шиносон, ёру ошнохоро мечиду ба дил тантана дошт, ки давр меронад. Падархондаш Ҷаъфар Алии — ягона шахсеро, ки солҳо инҷониб ӯро аз маснади раҳбари аввал дур андохтааст, ба нафақа мегуселонад. Ӯ, бале, Ӯ бояд, дар ин муассисаи овозадор ҳукмраво бошад. Ба гуфти худаш сагризқ аст. Ҳангоми донишҷӯӣ духтари вазир Нақҳатиро ба дом афтонд. Ба хотири ҷоҳу ҷалол! Аксаран аз ҳамсӯҳбативу ҳамнишинӣ бо хусуршавандааш мегурехт. Боре иттифоқ афтод, ки барбабар нишастанд. Нақҳатӣ гуфт:
— Ҳа, мулло! Хондано читу?
— Зӯрем, ака.
— Говзӯрӣ ё такя ба хирад дорӣ?
— То ҳине Шумо ҳастед, мо хор намешавем.
— Буттаро маҳкам дор, ки Худо гуфтааст: «аз ту ҳаракат, аз ман баракат».
— Қорам ба бутта-чӣ? Худат бошӣ, сад гулбутта меёбем.

Воломақом Нақҳатӣ аз номзади бехираду бодии духтараш лак-лак афсӯс мехӯрд, вале тамаллуқҳои Садир дили Сулҳияро рабудаву кор аз кор гузашта буд.

Духтари Нақҳатӣ абас Садирро хуш накарда буд. Ҳар чизе мефармуд, ба сар ҷудову ба по ҷудо медавид. Баъдҳо, занаки айёр, ки дар шӯъбаи муолиҷавии шифохона маҳсгар буд, тавонист хиёли ҳокими шаҳрро бифиребад. Аммо то имрӯз ба рӯи дӯсти мактабиаш Ҷаъфар Алӣ надавидааст. Садири Оламгир ҳам, аз як доруи ноёб хеле сабук ба зинаи ҷойгирӣ ҷаст. Сазоворон беш буданд, ҳукмро бошад, аз Боло менавиштанд. Ҳунари худододе надошт, каллаи шер низ наёварда буд, фақат маърӯзаҳои «шеф»-ашро ба истиснои далоили қолабӣ аз рӯзномаву маҷаллаҳо мекуҷонид ва ӯ тӯтивор мехонд.

пешина
аз 139
навбатӣ